Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чаҳор нафар бо гумони қатли зани тоҷик дар Туркия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қарор аст, ҷасади Фирӯза Аҳмедоваи 34-соларо рӯзи якшанбе аз Истанбул ба Тоҷикистон фиристанд. Ӯ дар як шароити мармуз дар ноҳияи Фотеҳ кушта шудааст. Манобеъ мегӯянд, ӯ ба тиҷорат машғул буд.

Мақомоти Туркия рӯзи 28-уми июн чаҳор нафарро бо гумони даст доштан дар қатли Фирӯза Аҳмедова, зани 34-солаи тоҷик дар шаҳри Истанбул дастгир кардаанд. Бино ба хабари расонаҳои Туркия, се нафари муттаҳам афғон ва як тани дигар турк ҳастанд. Пулиси Туркия мегӯяд, Иброҳим С. (19), Нодир T. (21), Юнус M. (24) ва Муҷоҳид B. (21) таҳти бозпурсианд. Онҳоро аз рӯи гуфтугӯи телефониашон бо Фирӯза Аҳмедова пайдо ва дар Бурса боздошт кардаанд.

Ҷасади Фирӯза Аҳмедоваи 34-сола субҳи 26-уми июни имсол аз макони зисташ дар Истанбул пайдо шуд. Сабабҳои қатли ӯ то ҳол эълон нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз ниҳодҳои интизомии Туркия дар бораи қатли як зани тоҷик дар шаҳри Истанбул тафсилоти бештар хостаанд. Маҳмадалӣ Раҷабиён, сафири Тоҷикистон дар Туркия, рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “қазияи кушта шудани зани тоҷикро пайгирӣ доранд”, вале иттилои бештар надод.

Фирӯза Аҳмедова, зане, ки шаби 25 ба 26-уми июн дар шаҳри Истанбул кушта шуд, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд будааст. Як мақом дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Фирӯза Аҳмедова дар шаҳри Хуҷанд мезист ва ҳамроҳи бародараш дар бозори “Сомон”-и шаҳри Бӯстон ба тиҷорат машғул буд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, “наздикони Аҳмедова феълан дар Конибодом нестанд, чун баъди дарёфти хабари марги ӯ дар манзилашон касеро наёфтем”.

Дар ҳамин ҳол, масъулони консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул гуфтанд, пулиси Туркия дар робита ба куштори Фирӯза Аҳмедова парванда боз карда, “тафтиши қазия махфӣ пеш меравад”. Мизробиддин Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул гуфт, Фирӯза Аҳмедова аз Туркия ба Тоҷикистон бор мефиристод ва бародараш онҳоро дар ватан савдо мекард. Ба қавли Сафаров, Аҳмедова як кӯдаки шашсола дорад ва шавҳараш дар Русия будааст.

“Вақте ӯро ёфтанд, дасту пояш баста буд”

Консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул афзуд, ҳодисаи куштори Фирӯза Аҳмедова шабона сурат гирифтааст. “Кадоме номаълум омада, ба хона даромадааст. Ягон кас намедонад, ки чӣ шуд ва дар байн чӣ гузаштааст. Нафароне, ки бо Фирӯза Аҳмедова зиндагӣ мекарданд, аллакай аз ҷониби мақомоти Туркия дастгир шудаанд,” – хабар дод Мизробиддин Сафаров.

Ба қавли консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул, феълан як зан аз Тоҷикистон, ки бо Фирӯза Аҳмедова дар як хона мезист, низ бозпурсӣ мешавад, аммо на ҳамчун гумонбари куштор.

Мақомоти Туркия ба расонаҳои он кишвар гуфтаанд, ки вақте ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро ёфтанд, дасту пояш баста ва сараш бо халтаи сиёҳ пӯшонда шуда буд. Мақомоти Туркия тахмин мекунанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон пеш аз қатл шиканҷа шудааст.

Аммо феълан маълум нест, ки қатли Фирӯза Аҳмедова ба хотири ғоратгарӣ буд ё ҳадаф аз оғоз куштор буд.

Масъулони консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул мегӯянд, қарор аст, рӯзи якшанбеи 30-юми июн ҷасади Фирӯза Аҳмедова ба ватан фиристода шавад. Наздикони Аҳмедова, аз ҷумла бародар ва хоҳари ӯ ба Истанбул рафтаанд.

Талошҳои мо барои пайдо кардани онҳо бенатиҷа буд.

Туркия яке аз кишварҳоест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору тиҷорат ва саёҳат ба он ҷо зиёд мераванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд, ки то се моҳ дар Туркия бе раводид иқомат кунанд.

XS
SM
MD
LG