Як мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт, фишори иқтисодӣ ба Теҳрон таъсир мекунад, аммо афзуд, "таҳримҳо ба Эрон ҳақ намедиҳанд, ки ӯҳдадориҳои ҳастаии худро поймол кунад".
Дидгоҳи намояндаи вижаи Амрико оид ба Эрон Брайан Ҳук рӯзи 27-уми июн вобаста ба он садо дод, ки сарпарасти Пентагон Марк Эспер дар Брюссел бо вазирони дифои НАТО вохӯрд, то пуштибонии ҳампаймонони аврупоии худро барои амалҳои Амрико ба зидди Эрон ба даст орад.
Ҳук барои дидор бо дипломатҳои баландпояи Фаронса, Британия ва Олмон ба Париж рафт, дар ҳоле ки кишварҳои аврупоӣ талош доранд созишномаи ҳастаии соли 2015-ро наҷот диҳанд. Ин созиш барномаҳои ҳастаии Теҳронро коҳиш додааст.
Кишварҳои аврупоие, ки созишномаро имзо кардаанд мехоҳанд, аз афзоиши шиддати вазъ миёни Амрико ва Эрон пешгирӣ кунанд. Онҳо кӯшиш доранд, Теҳронро бовар кунонад, ки аз созиш хориҷ нашавад.
Доналд Трамп, президенти Амрико, соли гузашта аз созиш баромад. Ҳук ва дигар мақомҳои Иёлоти Муттаҳида кӯшиш доранд ҳампаймони худро бовар кунонад, ки таҳримҳои зараровар беҳтарин роҳ барои бозгашти Эрон ба сари мизи гуфтушунид аст.
Эрон гуфтааст, ки барнома дорад ба пеш равад ва ғанисозии уранро афзоиш диҳад. Ин қадамест, ки ба вайрон кардани созиши ҳастаӣ имкон медиҳад.
Брайан Ҳук дар мусоҳибае ба “Рейтерз” гуфт, агар Эрон ин корро анҷом диҳад, паёмадҳое хоҳад дошт.