Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод даҳҳо хонанда номаи камол нагирифта, ба артиш рафтанд


Даҳҳо хатмкунандаи мактабҳои миёнаи шаҳри Ишқободи Туркманистон натавонистанд, дар маросими дарёфти номаи камол иштирок кунанд.

"Чанде пеш дар саросари Туркманистон, аз ҷумла дар шаҳри Ишқобод маросими тақдими номаи камол ба хатмкунандагони мактабҳо баргузор шуд. Аммо даҳҳо ҷавон, ки ба таври фаврӣ ба хизмати сарбозӣ гирифта шуда буданд, натавонистанд, дар ин маросим ширкат кунанд",-гуфт як сокини шаҳри Ишқобод.

Ба иттилои сокинон, ба хизмати сарбозӣ даъват кардани хатмкунандагони мактабҳо як ҳафта пеш шуруъ шуд. Дар маросими даъвати ахири хизмати ҳарбӣ дар Туркманистон меъёрҳои ҷалби ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

20 марти соли ҷорӣ дар Туркманистон мавсими нави даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳ эълом шуд. Бино бар фармони содиршуда, ҷавонони то 18-сола бояд давоми моҳҳои апрел - июн ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шаванд.

XS
SM
MD
LG