Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон гуфт, раванди ғанисозии уранро суръат мебахшад


Теҳрон дар пасманзари идомаи худдориҳои Эрон аз иҷрои уҳдадориҳояш дар доираи созишномаи ҳастаии соли 2015 ва сард шудани равобит бо ИМА эълом кард, ки ғанисозии уранро суръат хоҳад бахшид.

"Ҳамаи мансабдорони ИМА Эронро айбдор ва таҳқир мекунанд. Вале мардуми Эрон ҳеч гоҳ дар баробари чунин таҳқирҳо сар фуруд нахоҳанд овард", - омадааст дар изҳороти раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки 26 июн дар сомонаи худи ӯ нашр шуд.

Пештар, рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи Оҷонси ҳастаии Эрон Беҳрӯз Камолвандӣ дар суҳбат бо IRIB гуфт, тезонидани раванд бо поён ёфтани муҳлати маҳдудияте рост хоҳад омад, ки ғанисозии на бештар аз 300 кило уранро барои кишвараш иҷозат медод.

Муносибатҳои ИМА ва Эрон пас аз он бад шуданд, ки президент Доналд Трамп соли гузашта бурунрафти Вашингтонро аз созишномаи ҳастаии абарқудратҳои ҷаҳон бо Теҳрон эълом кард. Созишнома коҳиши барномаҳои ҳастаии Эронро дар ивази лағви таҳримҳо пешбинӣ мекард.

XS
SM
MD
LG