Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, низомиёнаш Венесуэларо тарк кардаанд


Сафорати Русия дар шаҳри Каракас рӯзи 26-уми июн хабар дод, ки низомиёни ин кишвар Венесуэларо тарк мекунанд. Дар иттилоияи сафорат гуфта шудааст, низомиёни рус дар Венесуэла корҳои нақшавиеро анҷом доданд. Вале маълум нест, ки чанд низомӣ ба Русия бармегардад.

Пештар хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки рӯзи 25-уми июн ҳавопаймои Вазорати дифои Русия дар фурудгоҳи Каракас нишаст. Ин ҳавопаймо ҳамроҳи "Ан-124"-и борбар моҳи марти соли равон низ ба Венесуэла парвоз карда буд.

Он замон хабар дода шуд, ки ҳудуди 100 низомии рус ба Венесуэла рафтаанд. Дар миёни онҳо мутахассисони таъйиноти махсус, аз ҷумла оид ба амнияти киберӣ низ ҳастанд.

Сафари низомиёни рус ба Венесуэла баҳси дипломатиеро миёни Вашингтон ва Маскав ба бор овард. Кохи Сафед Кремлро ба он айбдор кард, ки ба корҳои дохилии Венесуэла дахолат мекунад.

Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, Русия бояд аз Венесуэла биравад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ба Венесуэла танҳо афсароне рафтанд, ки дар доираи созишномаи хариду фурӯши силоҳ хидмат мерасонанд.

Дар Венесуэла аз аввали имсол миёни ҷонибдорони президент Николас Мадуро ва раҳбари мухолифон Хуан Гуайдо задухӯрдҳо идома доранд.

Амрико, бештари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ Гуайдоро президенти муваққати Венесуэла медонанд. Русия, Чин, Эрон, Туркия, Куба ва Боливия аз Мадуро пуштибонӣ доранд.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG