Неруҳои мусаллаҳи Узбекистон аз Русия чанд адад мошини зиреҳпӯши "Тигр" харидорӣ карданд. Дар ин бора рӯзи 25 июн хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.
Ба иттилои хабаргузорӣ, "даҳҳо" мошини зиреҳпӯши навъи ВПК-233136 "Тигр" харидорӣ шудааст. Мошинҳо бо дархости ҷониби Узбекистон махсус сохта шудаанд. Ин мошинҳо ҳамчунин бо пулемети ПКМ муҷаҳҳаз ҳастанд.
Мошинҳои зиреҳпӯши "Тигр"-ро корхонаи "Мошинҳои русӣ"-и марбут ба миллиардер Олег Дерипаска месозад. Арзиши як адад мошини "Тигр" то ба 160 ҳазор доллар мерасад.