Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Федератсия узвияти Русияро дар Паймони мушакӣ боздошт


Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, рӯзи 26-уми июн аз фармони Владимир Путин барои боздоштани иштироки ин кишвар дар Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз пуштибонӣ кард. Ин паймон дар соли 1987 байни Русия ва Амрико имзо шуда буд.

Ҳашт рӯз пеш Думаи давлатӣ ё палатаи поёнии порлумони Русия низ фармони Путинро тасвиб карда буд.

Моҳи феврали имсол Иёлоти Муттаҳида иштироки худро дар Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз боздошт. Вашингтон ва муттаҳидонаш Русияро барои ҷойгир кардани системаи мушакӣ ва поймол кардани ин паймон муттаҳам карданд.

Маскав дар навбати худ Амрикоро барои нақзи паймон айбдор намуд. Чизе, ки Вашингтон рад мекунад.

Паймони манъи мушакҳои миёнапарвоз рӯзи 8-уми декабри соли 1987 имзо ва аз моҳи июни соли 1988 ба иҷро даромад.

Ин паймон Амрикову Русияро аз рушд, истеҳсол ва ҷойгир кардани ҳама гуна мушакҳои баллистикӣ бо иқтидори парвозашон аз 500 то 5,5 ҳазор километр манъ мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG