Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон ба Бадахшон


Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ.

Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон, писари хурдии раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, дар шаҳри Хоруғ -- маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сӯи мақомот ва сокинон истиқбол шуд. Шоҳзода Алӣ Оқохон рӯзи 25-уми ба Бадахшон сафар намуд.

Ба гуфтаи дафтари матбуоти раиси шаҳри Хоруғ, дар чаҳорчӯбаи сафари худ Шоҳзода Алӣ Оқохон аз маркази тиббии Оқохон, ҷамоатхона ва маркази исмоилия дидан намудааст. Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон рӯзи 25-уми июн бо раҳбарияти Пажуҳишгоҳи зистшиносии Помир, ба номи Худоёр Юсуфбеков ва Боғи набототи шинос шудааст.

Ӯ ҳамчунин аз нигораҳои осорхонаи боғ ва мусаввараҳои Парки миллии Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои дастии мардуми кӯҳистон дидан кардааст. Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон ҳамчунин дар Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ бо раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дидор кардааст.

Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони 4 чаҳор фарзанд бо номҳои Заҳро, Раҳим Оқохон, Ҳусейн Оқохон ва Алӣ Муҳаммад Оқохон доранд. Ин нахустин сафари Алӣ Муҳаммад Оғохон ба Тоҷикистон аст. Қарор аст Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон бо сокинони бархе аз ноҳияҳои вилоят низ мулоқот кунад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва аксарияти онҳо пайрави мазҳаби исмоилӣ мебошад. Ҳамасола пайравони мазҳаби исмоилӣ ҷашни алмосӣ ё солгарди ба тахти имомат нишастани Шоҳзода Карим Оқохони IV - чиҳилу нӯҳумин пешвои рӯҳонии худро таҷлил мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG