Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист шаҳрванди Узбекистон дар Қазоқистон ба асорати меҳнатӣ гирифтор шуданд


Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, 20 шаҳрванди ин кишвар дар боздоштгоҳи шаҳри Каскелени вилояти Алматои Қазоқистон қарор доранд.

Ба иттилои вазорат, 23-юми июн корманди консулгарии Узбекистон ба вилояти Алмато рафт, ки ба асорат гирифтор шудани шаҳрвандонро тафтиш кунад.

Корманди консулгарӣ ошкор кард, ки 20 шаҳрванди Узбекистон ибтидои моҳи март барои кор дар корхонаи хишт ба Қазоқистон рафтанд. Шиносномаҳои онҳо бо баҳонаи ҳуҷҷатгузорӣ аз сӯи корфармо гирифта шуд. Коргарон баъди саркашии корфармо аз пардохти маош ба мақомот муроҷиат карданд.

"Аз рӯи далели ғайриқонунӣ ба кор қабул кардани муҳоҷирони хориҷӣ парванда боз шуда, шаҳрвандони Узбекистон ба боздоштгоҳ интиқол дода шуданд",-хабар доданд мақомоти Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG