Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санҷиши ногаҳонии нерӯҳои мусаллаҳи Русия. ВИДЕО


Тамрини ногаҳонии нерӯҳои мусаллаҳи Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Видеоро дар ин ҷо бинед

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, рӯзи 24-уми июн хабар дод, ки дар Округи низомии марказӣ тафтиши ногаҳонии нерӯҳои мусаллаҳ оғоз ёфтааст. Ҳадафи он арзёбии омодагии нерӯҳои Русия ва таъмини амният дар Осиёи Марказӣ унвон мешавад.

Дар тамрин 150 ҳазор нерӯи ҳарбии Русия иштирок мекунанд. Дар наворҳое, ки Вазорати мудофиаи Русия нашр кард, дар размоиш аз системаи мушакии Искандар, С-300 ва С-400 ва ҳамчунин БТР-82 истифода шудааст.

Тамрин то рӯзи 28-уми июн идома мекунад ва, қарор аст, дар ин муддат дар 35 размоишгоҳ 50 машқи низомӣ гузаронда шавад.

Санҷиши тавоноиҳои ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва он ҳам бо ҳадафи ҳифзи амният дар Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки ин кишвар дар Тоҷикистону Қирғизистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад. Бузургтарини он дар Тоҷикистон аст, ки дар он 7 ҳазор нерӯи низомӣ ҷойгир шудааст.

Нерӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта дар размоишгоҳи Лоҳур дар машқи низомӣ баргузор карданд. Ҳадафи он ҳамоҳангии амалиёти заминӣ ва ҳавоӣ барои нобуд кардани корвони ҳарбии бегона гуфта шуд.

Вале сокинони маҳаллӣ гуфтанд, пас аз тамринҳо дар ин ҷо захираҳои ҷангии нотаркида боқӣ мемонанд, ки ба ҷони одамон таҳдид мекунанд. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз шарҳи чунин қазияҳо худдорӣ меварзад.

Ин пойгоҳ бар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Тоҷикистон ҳақ дорад, то соли 2042 дар кишвар фаъолият кунад.

XS
SM
MD
LG