Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ панҷ айби президенти пешини Қирғизистонро тасдиқ кард


Додситонӣ панҷ айби президенти пешини Қирғизистонро тасдиқ кард

Додситонии кулли Қирғизистон аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев хулосабарорӣ кард. Додситонӣ аз шаш айби эъломкардаи порлумон 5-тои онро асоснок унвон кард.

Откурбек Ҷамшедов, додситонии кулли Қирғизистон дар ин бора дар ҷаласаи кумитаи қонунгузории конститутсионии порлумон хабар дод.

Ба ин тартиб, айбномаи таъқиби вакилон, судяҳо, фаъолони ҷамъиятӣ ва расонаҳо - тасдиқ нашуд;

Азхудсозии ғайриқонунии қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, ки Отамбоев он ҷо манзил сохт, тасдиқ гардид;

Озодсозии ғайриқонунии соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев - нишонаҳои ҷинояти вазнин дида мешавад;

Ҷамъоварии ғайриқонунии сарват - нишонаҳои ҷинояти сангин дида мешавад;

Фасодкорӣ ҳангоми навсозии маркази гармидиҳии Бишкек - нишонаҳои ҷиноят дида мешавад;

Эҳтимоли иштирок дар фурӯши ғайриқонунуии ангишт ба маркази гармидиҳии Бишкек - нишонаҳои ҷиноят дида мешавад.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 20 июн хулосаи комисияи вакилонро дар мавриди эъломи айб нисбати президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ кард. 100 вакили порлумон раъйи мусбат ва танҳо 5 тан раъйи манфӣ доданд.

Канибек Имоналиев, раиси комисия ва узви ҷиноҳи "Ота Макон" гуфт, ки ҷараёни бекорсозии дахлнопазирии Отамбоев чи гуна сурат мегирад.

"Акнун додситонии кул он шаш айбро меомӯзад ва хулосаи худро пешниҳод мекунад. Агар айбҳо воқеӣ баҳо дода шаванд, баъд тавассути кумитаҳои марбутаи порлумон пешниҳоди бекор кардани дахлнопазирии Отамбоев ба раъйдиҳии вакилон гузошта мешавад. Агар додситонӣ баҳои манфӣ диҳад, пас кори мо барбод меравад", - гуфт Имоналиев.

Рӯзи 18 июн ду кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури тартибот, мубориза бо ҷинояткориву коррупсия, қонунгузории конститутсионӣ ва масоили судӣ-ҳуқуқӣ хулосаи комиссияи вакилонро барои бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ карданд.

Ҳоло қарор аст, хулосаи комиссияи мазкур дар ҷаласаи умумии порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон гуфт, ҳангоми ташкили комиссияи порлумонӣ барои бекор кардани дахлнопазирии Отамбоев Конститутсияи ин кишвар нақз карда шудааст. Ҳизб мегӯяд, Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро 24 ноябри соли 2017 дарёфт кард ва қонуне, ки ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарони пешини ин кишварро пешбинӣ мекунад, 4 апрели соли равон қабул шудааст.

Ба гуфтаи масъулони ҳизб, қарори порлумони Қирғизистон барои ташкили комиссияи мазкур низ қуваи ҳуқуқӣ надорад, зеро он ба феҳристи давлатии меъёрҳои ҳуқуқӣ шомил карда нашудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Табиби тоҷик гуфт, "эътимоди сокинон кам нашудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
XS
SM
MD
LG