Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эбӣ, овозхони маъруфи эронӣ, дар Душанбе консерти бепул медиҳад


Эбӣ
Эбӣ

Эбӣ (Иброҳим Ҳомидӣ), овозхони машҳури эронӣ, ин шабу рӯз ба баргузории як консерти бепул дар Тоҷикистон омода мешавад.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки ҳамсари ӯ Маҳшед Ҳомидӣ соли гузашта дар яке аз бемористонҳои Душанбе ҷарроҳӣ шуд.

Он вақт Эбӣ ба Душанбе омада буд ва зоҳиран аз кори ҷарроҳони тоҷик розӣ буд. Ахиран хонаводаи Эбӣ ба пизишкони тоҷик хабар додаанд, ки вазъи сиҳатии Маҳшед хуб аст.

Барои ташкили консерт Фаршед Ҳомидӣ, писари Эбӣ ба Тоҷикистон омадааст. Интизор меравад, барномаи ҳунарӣ охири моҳи август ё аввали сентябри имсол баргузор шавад.

Иброҳим Ҳомидӣ ё Эбӣ, хонандаи саршиноси попи эронӣ солҳост дар Амрико ва Испания зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳам таронаҳои ӯ ҳаводори зиёд дорад. Аз ҷумла, таронаҳои охири ӯ - “Носталжӣ”, ки бо Гугуш иҷро кардааст ва “Ҷони ҷавонӣ”.

Дар гузашта дар Тоҷикистон овозхонҳои маъруфи эронӣ, аз ҷумла Ораш, Анди Мададиён, Лайло Фруҳар ва Муин барномаҳои ҳунарӣ иҷро кардаанд.

XS
SM
MD
LG