Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд бебарқ монд


Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканди Узбекистон ба номи Ислом Каримов шаби 23 ба 24 июн ҳудуди 40-45 дақиқа бе барқ монд. "Ҳеч кас шарҳ надод, ки чи ҳодиса рух дод ва ягон кас ҳам аз мусофирон узр напурсид. Танҳо гуфтанд, ки онҳо гунаҳкор нестанд ва мо бояд ба маъмурият муроҷиат кунем",-гуфт яке аз мусофирон. Намояндаи расмии фурудгоҳи Тошканд хабари хомӯш шудани барқро тасдиқ кард, вале онро шарҳ надод.

Ба гуфтаи як масъули Вазорати энергетикаи Узбекистон, дар фурудгоҳи Тошканд се истгоҳи барқӣ фаъолият мекунад, вале он шаб ҳамаи онҳо якбора аз кор мондаанд. "Ин барои раҳбарияти фурудгоҳ шармандагӣ аст. Худи бинои фурудгоҳ низ бо фиребкорӣ бунёд шудааст ва ҳеч кас то ҳол барои он ҷавоб нагуфтааст",-гуфт як манбаъ дар шаҳрдории Тошканд, ки нахост номаш ифшо шавад.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳангоми бунёди бинои нави фурудгоҳ на танҳо, боронҳои сахт, ҳатто қоидаҳои амниятӣ ба назар гирифта нашудааст.

Бинои нави фурудгоҳи Тошканд тобистони соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт. То ҳол ба ҷомеа гуфта нашудааст, ки он бо харҷи чӣ қадар маблағи буҷаи давлат бунёд шудааст. Ин бино дар таърихи Узбекистон яке аз гаронтарин иншоот шумурда мешавад

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG