Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худро аз ошёнаи 11-ум партофт. Ҳалокати як наврас дар Душанбе


Фурқат Алимов, як навраси понздаҳсола, худро аз табақаи 11-уми бинои баландошёнае дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ба замин партофтааст. Модараш, омӯзгорон ва ҳамсоягон ин худкуширо ба ангезаҳои гуногун рабт медиҳанд.

Воқеа наздикону ошноёни ин хонадонро такон додааст. Модари Фурқат Алимов, ки субҳи зуди 25-уми июн аз бинои баландошёнае дар наздикии Фурудгоҳи Душанбе худро партофтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш аз "моҳи май ба ин сӯ, баъди моҷарое дар мактаб, камгап шуда буд".

Ба қавли Татяна Алимова, рӯзи 27-уми май миёни ду хонандаи синфи ҳафт ва писараш ҷанҷоле ба вуқуъ пайваста, барои ин модарро ба идораи пулис даъват карда, гуфтаанд, Фурқат 120 сомонӣ ҷарима хоҳад шуд. Алимова афзуд, то ҳол ин ҷаримаро насупоридааст, чун дар идораи пулис ба ӯ гуфтаанд, барояш занг зада, санаи супоридани ҷаримаро хоҳанд гуфт. Ҳамсуҳбати мо гуфт, писараш баъди ин ҳодиса ба ӯ гуфтааст, вай гунаҳкор набуда, хонандагони синфи ҳафт ӯро ба ин ҷанг таҳрик додаанд.

Аммо мудири мактаби рақами 16-и шаҳри Душанбе, ки Фурқат дар синфи ҳаштуми он таҳсил мекард, хабари ҳама гуна муноқиша миёни Фурқат Алимов ва дигар хонандагонро рад мекунад. Назира Назарова рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин бача дар мактаб ягон мушкил надошт. Рӯзи 19-уми июн имтиҳонҳоро тамом кард. Ба баҳои хубу аъло мехонд ва дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол буд. Ӯ на дар қайди милитсия буд ва на дар гурӯҳи хонандагони душвортарбия."

Назарова ҳамчунин гуфт, ба ҷуз Фурқат ду фарзанди дигари Татяна Алимова дар мактаби онҳо таҳсил мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби бад будани вазъи иҷтимоиашон ин се нафарро давлат бо либос, лавозимоти таълим ва хӯроки гарм таъмин мекард.

"Фарзандони Татяна Алимова ҳар се моҳ як бор аз давлат кумаки пулӣ мегирифтанд", - афзуд ӯ.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хонаи Фурқат буданд ва мушоҳида карданд, ки хонавода зиндагии сангине дорад. Падари Фурқат шаш сол пеш даргузаштааст ва модари ӯ дар ҷое кор намекард. Оиларо писари калонь Александр таъмин мекард. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, борҳо Фурқатро дидаанд, ки аз кӯча пасмондаҳои ғизо ҷустуҷӯ мекард. "Одамон ҳамарӯза ба ин хонавода кумак мекарданд. Фурқат ба дарашон меомад ва барояш хӯрок ё ширинӣ медоданд. Фурқат аз ин кор хурсанд набуд, фақат "раҳмат" мегуфт. Баъзан медидем, ки аз пурсидани хӯрок шарм мекард", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Модари Фурқат гуфт: "Вақте аз идораи милиса бармегаштем, ба писарам гуфтам, ки бояд дар зиндагӣ камтар харҷ кунем ва 120 сомонӣ ҷаримаро супорем. То ҷаримаро супоридан дигар наметавонем ҳар чиз харем. Фурқат афсӯс мехӯрд, ки чаро ман ҷанг кардам", -- гуфт Алимова.

Модари навраси ҳалокшуда иддао мекунад, кимудири мактаби рақами 16 ба ӯ маслиҳат додааст, ки “корро ба хубӣ ҳал кунад. Чун агар номи писараш дар рӯйхати ашхоси ҳуқуқвайронкунанда барояд, ӯро ба имтиҳон роҳ намедиҳанд.”

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва ҳам пулиси Душанбе расман тасдиқ ё рад накарданд, ки оё Фурқат Алимов рӯзи 27-уми май дар муноқишае даст дошт ё не. Як мақом дар Вазорати умури дохилӣ тасдиқ кард, ки модари Фурқат Алимов дар вақти худкушии писараш ба онҳо низ чунин шикоятро кард. Аммо ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳамарӯза дар пойтахт садҳо санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад ва аз миёни онҳо ёфтани санади волидони Фурқат фурсати зиёдро талаб мекунад. Ин мақом гуфт, агар дар воқеъ нисбат ба Фурқат ё модараш ягон фишороварӣ сурат гирифта бошад, ҳатман санҷида мешавад.

Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

Фурқат Алимов синфи 8-уми мактаби рақами 16-и шаҳри Душанберо хатм карда буд. Ба қавли модар, он субҳи фоҷиавӣ мебоист барои гузаштан аз ташхиси ҳатмии тиббӣ ба дармонгоҳ мерафт.

Ин ягона ҳодисаи худкушии як наврас дар Тоҷикистон нест. Моҳи феврали имсол Муҳаммадҷон Давлатов, хонандаи синфи 8-и мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе бо нишонаҳои худовезӣ дар хобгоҳ пайдо шуд.

Худкушии ҷавонон ва кӯдакону наврасон борҳо мавриди нигаронии ҷомеа шудааст. Мақомот мегӯянд, танҳо дар соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 80 наврас қасд ба ҷони худ кардаанд.

Як пажӯҳиши Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ду сол пеш муайян кард, ки сабаби асосии қасди ҷони худ кардани наврасону ҷавонон ба бетаваҷҷӯҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва маҳрум будан аз навозишу меҳрубонист.

XS
SM
MD
LG