Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт рафт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн ба водии Рашт рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин сафари оқои Раҳмонро "сафари корӣ" ва "иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ", гуфтааст. Ба иттилои манбаъ, президент сафари худро аз ноҳияи Сангвор оғоз кардааст ва интизор меравад, ки давоми ҳафта ба минтақаҳои дигари водии Рашт сафар кунад. Маросими аслии таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳраки Ғарм -- маркази ноҳияи Рашт доир мешавад. Дар гузашта сарон ё намояндагони мухолифон ва афроди хидматкарда ба сулҳи Тоҷикистон низ ба ин ҷашн даъват мешуданд, аммо солҳои охир раисиҷумҳур онро бо намояндагони давлат ва сокинони ин ё он ноҳияи кишвар таҷлил менамояд.

22 сол пеш, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид миёни ҳукумат ва раҳбарияти Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифон – бо раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин рӯйдоди таърихӣ иштирок карданд. Бар асоси ин созиш аъзо ва тарафдорони мухолифон дубора ба Тоҷикистон баргаштанд, афв ва бар асоси шарти 30-дарсадии узвият дар ҳукумат, намояндаҳои оппозитсиюн соҳиби мақому вазифа шуданд. Вале пас аз соли 2002 аксарияти кулли онҳо барканор, бархе ба ҷиноятҳо айбдор гаштанд.

XS
SM
MD
LG