Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Ҳамла ба компютерҳои Эрон, баъд аз суқути дрон


Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки Иёлоти Муттаҳида алайҳи системаҳои компютерии Эрон ҳамлаҳои киберӣ анҷом додааст.

Рӯзномаи “Вашингтон Пост” ва хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки ҳамлаҳо рӯзи 20-уми июн, пас аз чанд соати сарнагунии як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ тавассути Эрон, сурат гирифтааст.

Ҳар ду расона рӯзи 22-юми июн навиштанд, ҳамлаҳои киберӣ ба компютерҳои артиши Эронро Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико тасдиқ карда буд.

Мақомҳои Вазорати дифои Амрико аз таъйиди ин гузоришҳо худдорӣ кардаанд.

Аз ҳамлаҳои киберӣ дар ҳоле хабар дода шуд, ки президент Трамп аз таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Эрон ҳушдор дод. Вай гуфт, таҳримҳои нав рӯзи 24-уми июн ҷорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG