Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавии даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Даҳҳо муҳоҷири тоҷик, ки дар як корхонаи дару тирезасозӣ дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав кор мекунанд, заҳролуд шудаанд. Ҳодиса шоми 22-юми июн рух дод.

Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон, ки ҳодисаро аз наздик пайгирӣ дорад, рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, 50 шаҳрванди Тоҷикистон заҳролуд шудаанд. Ба иттилои ӯ, "ду нафар дар шуъбаи эҳёгарӣ ҳастанд ва вазъияти шаш тани дигар вазнин арзёбӣ мешавад."

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, гуфт, 12 муҳоҷири заҳролудшуда дар бемористон бистарӣ гардида, "дигаронро баъд аз истеъмоли дору ҷавоб доданд". Аҳмадӣ гуфт, намояндагони сафорат ва Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон шаби гузашта ба бемористон рафта буданд ва ҷараёни таҳқиқи ҳодисаро зери назорат доранд. "Бино ба иттилои муқаддамотӣ, онҳо аз хӯроке, ки шом дар ҷойи кор хӯрдаанд, заҳролуд шудаанд", -- афзуд ӯ.

Шоҳидони ҳодиса рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муҳоҷирон бегоҳи шанбе якбора ба дарди шикам печида, "аз роҳ гаштан монданд" ва бархеи дигар "хун партофтаанд". Дар корхонаи дару тирезасозии шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, беш аз 200 муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Даҳҳо муҳоҷир аз Узбекистон низ дар онҷо будаанд.

Ба дасти Радиои Озодӣ чанд навори кӯтоҳи видеоӣ расид, ки ҳолати чӣ гуна ба бемористон бурдани муҳоҷирони заҳролудшударо намоиш медиҳад. Дар яке аз ин видеоҳо муҳоҷирон дар пушти дари бемористон тасвир ёфтаанд. Баъзеи онҳо шиками худро дошта, дар замин нишастаанд ва дар назди баъзеашон сатили пластикӣ гузошта шудааст.

Мақомоти пулис ва тандурустии Русия то ба ҳол вазъиятро шарҳ надодаанд. Раҳбарияти корхонаи дару тирезасозӣ низ ҳозир нашуд дар ин бора суҳбат кунад. Танҳо масъулони корхона ба пизишкони “Ёрии таъҷилӣ” кӯтоҳ гуфтаанд, ки гӯиё муҳоҷирон баъд аз хӯрдани харбуза ба ин ҳол афтодаанд.

Вале муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, барои харидани харбуза пули зиёдатӣ надоранд. "Бачаҳо баъд аз хӯрдани хӯрок дар ошхонаи умумии корхона ба ин ҳол афтоданд. Сифати хӯрокҳои ошхона паст аст, вале моро маҷбур мекунанд, ки онро бихӯрем", -- нақл кард яке аз муҳоҷирон.

Ному насаби ҳамсуҳбати мо дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале бо хости ӯ, ки барояш мушкил пеш наояд, нашр намешавад. Вай гуфт, онҳо ҳар моҳ беш аз бист ҳазор рубли русӣ маош мегиранд ва чаҳор ҳазори онро барои хӯроки якмоҳа дар ошхонаи ҷойи кор мепардозанд. Ҷойи хоби муҳоҷирон низ дар дохили корхона будааст.

"Онҳо намегузоранд, ки муҳоҷирон дар дохили ҳуҷраҳои хоб барои худ ғизо омода кунанд. Маҷбур мекунанд, ки ё бояд хӯроки ошхонаи умумиро хӯранд ё хонаи дигареро ба иҷора гирифта, дар ҷои кор хоб нараванд. Иҷора гарон аст ва барои ҳамин бачаҳо шартҳои корхонаро қабул кардаанд”, -- афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, борҳо байни онҳо ва раҳбарияти корхона бар сари сифати пасти ғизо баҳс шудааст, “вале ҳама вақт санги тарозу ба тарафи масъулон вазнинӣ мекунад”.

Ӯ афзуд, "мо ночор ҳастем. Агар аз ин ҷо бароем, ҷойи кор ёфтан мушкил аст. Ин корхона ба муҳоҷирон сабукӣ ҳам медиҳад. Барои мисол, шумо аз Тоҷикистон омадед ва пул надоред, корхона барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ба шумо пул медиҳад ва ҳар моҳ аз нӯги маошатон мегирад. Фақат ба мо хӯроки инҷо писанд нест."

Дар солҳои 2014, 2016 ва 2017 низ гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Русия заҳролуд шуда буданд. Дар ҳодисаи соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург беш аз 30 муҳоҷири тоҷик баъд аз истеъмоли ғизои ошхона заҳролуд гардиданд.

Ҳарчанд мақомоти Русия дар ҳама ҳолат гуфтаанд, ки қазияҳоро ҷиддӣ таҳқиқ мекунанд, касе барои ба чунин ҳол овардани муҳоҷирон ҷавобгар нашудааст.

Ба ҳисобҳои гуногун аз 500 ҳазор то якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳо аз шароити кор ва шеваи бархӯрди корфармоён шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG