Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як мард дар Эрон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико


Акс аз бойгонӣ

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Эрон як марди муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Идораи марказии истихбороти Амрикоро қатл кардаанд.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 22-юми июн гузориш дод, ки Ҷалол Ҳоҷизавор, паймонкор ё корманди қарордодии як бахши Вазорати дифоъ буд. Ҳукми ӯро Додгоҳи низомии Эрон пас аз чанд соли таҳқиқ содир кардааст.

Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ин мард дар зиндони Риҷоишаҳр, ғарби Теҳрон, қатл шудааст. Ҷузъиёти аз ин бештар дастрас нест.

Хабаргузории нимарасмии ISNA гуфт, Ҳоҷизавор эътироф кардааст, ки “дар ивази пул ба нафъи Идораи марказии истихбороти Амрико ҷосусӣ мекард”. Вай изофа кардааст, ки дар хонааш “санад ва дастгоҳҳои ҷосусӣ ёфт шуд”.

Бино ба хабари ISNA, ҳамсари собиқи Ҳоҷизавор бо ҷурми ҳамдастӣ дар ҷосусӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ин гузоришҳо дар ҳоле мерасанд, ки таниш байни Эрону Амрико афзоиш ёфтааст. Эрон рӯзи 20-уми июн як дрон ё ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро бар фарози Тангии Ҳурмуз суқут дод. Теҳрон мегӯяд, ин дрон дар қаламраваш буд. Вашингтон бовар дорад, он дар ҳудуди обҳои байналмилалӣ қарор дошт.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 21-уми июн гуфт, даҳ дақиқа пеш аз ҳамла ба Эрон аз ин иқдом ҷилавгирӣ кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG