Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли барканоршудаи Узбекистон бозпурсӣ мешавад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 20 июн додситони кулли ин кишвар Отабек Муродовро аз мақом барканор кард. Ба ҷои Муродов раиси пешини сенати порлумони Узбекистон Нигматулло Юлдошев додситони кул таъйин шуд.

Тошканди расмӣ сабаби барканории Муродови 44-соларо аз мақоми додситонии кул шарҳ намедиҳад. Вале чандин манбаъ гуфтанд, барканории ӯ ба қазияи боздошти ду мансабдори баландпояи узбек -- додситони кулли пешин Рашид Қодиров ва раиси пешини Хадамоти амният Ихтиёр Абдуллоев рабт дорад.

Бархе аз кормандони қудратии Узбекистон мегӯянд, Муродовро барои он аз мақом барканор карданд, ки зиддаш дар доираи парвандаи Абдуллоев айб эълом гаштааст. "Муродовро 17 июн сабукдӯш карданд, вале расман 20 июн тасдиқ шуд. Ӯ дер боз таҳти назорат буд",-афзуд як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш ифшо шавад.

Яке аз мансабдорони баландпояи узбек, ки аз қазия огаҳ аст, гуфт, чандин нафар, аз ҷумла шахсони наздик ба Муродов пеш аз барканорияш зидди ӯ баёнот додаанд.

Ба гуфтаи манобеъ, Отабек Муродов 19 июн барои бозпурсӣ ба боздошгоҳи мувақатӣ дар бинои пешини Хадамоти амнияти Узбекистон дар майдони Истиқлол интиқол дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ӯро ба ҳайси кӣ бозпурсӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG