Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Қазоқистон баъди аз Сурия баргаштан зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Урали Қазоқистон рӯзи 20 июн сокини 19-сола Абай Хамзулиновро ҳашт сол зиндонӣ кард. Хамзулинов чанде пеш аз Сурия ба Қазоқистон оварда шуда буд. Додгоҳ ӯро дар "ширкат дар фаъолияти гуруҳҳои террористӣ" айбдор донист.

Вай моҳи январ аз асорат дар Сурия раҳо шуда буд. Ба маҳзи расидан ба Қазоқистон ӯро боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ба иттилои тафтишот, Хамзулинов дар амалиёти гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ширкат кардааст. Хешовандонаш ин айбҳоро рад мекунанд.

Ба гуфтаи пайвандони Хамзулинов, волидон ӯро замоне, ки 15 сол дошт, ба Туркия бурда буданд. Баъдтар падараш ӯро ба Сурия бурд. Ҷангҷӯён Хамзулинови хурдиро ба урдугоҳҳои таёрии ҷангӣ барои кӯдакон бурданд. Як сол баъд вай аз урдугоҳ фирор кард ва асири курдҳо шуд.

"Абай замони дар асорат буданаш ба ҳукумати Қазоқистон, Салиби Сурх нома навишт ва хост ӯро озод кунанд. Вай тасмим гирифт, Қазоқистон, назди волидонаш биояд. Вай ҳатто тасаввур намекард, ки ӯро дар синни ҳамагӣ 18-солагӣ чунин сарнавиште интизор аст",-гуфт Сауле Курян, хоҳари Абай.

Падари Абай, Хамзулинови калонӣ низ дар Қазоқистон бо айби терроризму тундгароӣ зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG