Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси сенати Узбекистон додситони кулли он кишвар таъйин шуд


Отабек Муродов аз мақоми додситони кулли Узбекистон барканор шуд.
Отабек Муродов аз мақоми додситони кулли Узбекистон барканор шуд.

Маркази матбуотии президенти Узбекистон рӯзи 20-уми июн хабар дод, ки Отабек Муродов, додситони кули он кишвар аз мақом барканор шудааст. Отабек Муродов моҳи январи соли 2018 ба ин мақом таъйин шуда буд. Ҳамакнун Неъматулло Юлдошев, раиси сенат - палатаи болоии порлумони Узбекистон ба курсии Муродов нишаст.

Неъматулло Юлдошеви 57-сола дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Соли 1985 факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм кардааст. Сар аз соли 1994 дар додситонии кулли Узбекистон фаъолият мекунад.

Солҳои 2008 то 2011 муовини додситони кул буд. Солҳои 2011-2015 ба ҳайси вазири адлия фаъолият кард. Моҳи январи соли 2015 сенатор ва моҳи феврали ҳамон сол раиси Сенати Маҷлиси Олии Узбекистон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG