Дар натиҷаи суқути ҳавопаймое, ки аз шаҳри Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, 298 нафар кушта шуданд. Ҳодиса 17-уми июли соли 2014 иттифоқ афтод.
Фред Вестербек, додситони кулли Ҳолланд, рӯзи 19-уми июн гуфт, "мо ном ва акси онҳоро ошкор мекунем. Ин чаҳор нафар – Игор Гиркин, Сергей Дубинский, Олег Пулатов ва Леонид Харченко – ҳастанд. Онҳо дар рӯйхати миллӣ ва байналмилалии ҷустуҷӯ қарор мегиранд." Ба қавли додситони кул, Харченко шаҳрванди Украина буда, боқимонда аз Русия ҳастанд.
Дар гузашта "Беллингкет", як тими муҳаққиқони бритониёӣ, гуфта буд, ки мушакро Бригадаи 53-юми зиддиҳавопаймои Русия партоб кардааст. Русия ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина рад мекунанд, ки онҳо ба сӯи ҳавопаймои Малайзия мушак партофтаанд.
Гуруҳи муштараки таҳқиқотӣ соли 2016 эълон карда буд, шабакаи мушакии "Бук"-ро, ки ҳавопаймои мусофирбари Малайзия бо кумаки он зада шуд, аз Русия овардаанд. Шабакаи "Бук"-ро ҳангоми ҳаракаташ дар қаламрави Украина чанд бор акс ва ҳатто видео гирифтаанд.
Муҳаққиқон ба натиҷае расидаанд, ки "Бук"-и рақамаш 3х2 сохти Русия буда, дар бригадаи зенитиву мушакии рақами 53-юми артиши Русия сабти ном шудааст.
Русия моҳи марти соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард ва аз ҷудоиталабон дар шарқи он кишвар пуштибонӣ намуд. Дар даргириҳо дар шарқи Украина то кунун ҳудуди 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ҳавопаймои "Боинг"-и Малайзия дар қаламраве мавриди ҳамла қарор гирифт, ки зери назорати давлати Украина набуд.
Вилберт Полиссен, раиси бахши тафтишоти миллии пулиси Ҳолланд, гуфт, таҳқиқот ҳамчунон идома хоҳад кард, "чун ҳанӯз барои тасмими мушобеҳе зидди мақомоти дигар ё сарбозони фаъол далелҳои кофӣ вуҷуд надорад".
"Мо имрӯз қадами муҳиме бардоштем, вале ҳамон тавр ки гуфтем, кор бо таъқиби чаҳор нафар поён намеёбад", -- афзуд ӯ.
Русия даст доштанашро дар ин ҳодиса инкор мекунад. Маскав дар ин фоҷиа дигарон, аз ҷумла Украина ва Идораи истихбороти Амрикоро муттаҳам медонад.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи 19-уми июн гуфт, бо хулосаҳои Гурӯҳи муштараки таҳқиқотӣ розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, ба Русия имкон надодаанд, ки дар ҷараёни таҳқиқот иштирок кунад.
Вале додситони Ҳолланд Вестербек гуфт, "аз замони вуқӯи ҳодиса Русия дар мавқеияте буд, ки ба мо бигӯяд чӣ иттифоқ афтод... Ман мутмаин ҳастам, онҳо медонанд, ки чӣ иттифоқ афтодааст."
Гуруҳи муштараки таҳқиқотӣ, ки аз муфаттишони Австралия, Белгия, Ҳолланд ва Украина иборат аст, гуфт, рӯзи 19-уми июн аз Русия мехоҳад, то гумонбаронро таслим кунад.
Гиркин, яке аз раҳбарони пешини ҷудоиталабон дар шарқи Украина, иддаои Гуруҳи муштараки таҳқиқотиро рад кард. Хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз ӯ навишт, "ман ҳеч шарҳ намедиҳам. Ягона чизе ки гуфта метавонам ин аст, ки шӯришиён "Боинг"-ро назадаанд."
Соли гузашта гуруҳи “Беллингкет” нафари дигар Олег Иванников, афсари ГРУ-ро, ки дар минтақаи Луҳанск пинҳонӣ фаъолият дошт, ба даст доштан дар ин ҳодиса гумонбар карда буд.