Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Самарқандро ба обод кардани зодгоҳи раиси вилоят маҷбур доранд


Дар вилояти Самарқанди Узбекистон сокинонро ба корҳои сохтмонӣ ва ободонии деҳае иҷборан ҷалб мекунанд, ки раиси вилоят Эркинжон Турдимов онҷо таваллуд ва ба воя расидааст. Ба гуфтаи манобеъ, ба корҳои сохтмонӣ асосан онҳоеро ҷалб мекунанд, ки ба кумаки моддӣ ниёз доранд.

Мақомот дастур гирифтаанд, ки деҳаи "Жуш" то охири сол ба ободтарин рустои вилоят табдил дода шавад. Бинобар ин, барои сари вақт иҷро шудани дастур сокинони маҳаллӣ низ ҷалб гаштаанд.

"Аз аввали сол кормандони муассисаҳои давлатиро ба меҳнати иҷборӣ ҷалб карданд ва ҳоло сокинони маҳаллиро маҷбур доранд. Таҳдид мекунанд, ки агар наравед, аз ҷои кор, маош, нафақа ва кумакпулӣ маҳрум мешавед",-гуфт як сокини "Жуш".

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати дигари мо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва раҳбарони маҳалла хона ба хона гашта, мардумро иҷборан ба ҳашар мебаранд. Корҳои сохтмонӣ ва ободониро раҳбари вилоят Эркинжон Турдимов шахсан назорат мекунад.

Аммо раиси яке аз маҳаллаҳои деҳаи "Жуш" Раҳматилло Тогаев ҷалби иҷбории сокинонро ба корҳои ободонӣ рад кард. "Ҳама ихтиёрӣ иштирок доранд. Зеро маҳалла ва деҳаи худи онҳо обод мешавад. Касеро ба коре маҷбур намекунанд ва ба сокинон ҳам касе таҳдид накардааст, ки маош ё кумакпулияшонро мебуранд. Ҳаммааш дурӯғ аст",-изҳор дошт вай.

Деҳаи "Жуш" дар 140-километрии шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Дар он беш аз 3400 хонавода зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG