Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогнависи покистонӣ дар Исломбод ба зарби корд кушта шуд


Муфаттиши покистонӣ ҷойи қатли Муҳаммад Билолхонро нишон медиҳад.
Муфаттиши покистонӣ ҷойи қатли Муҳаммад Билолхонро нишон медиҳад.

Полиси Покистон мегӯяд, як блогнависи 22-сола рӯзи 16 июн ба зарби корд кушта шудааст. Муҳаммад Билолхон дар Twitter 16 000, дар YouTube 48 000 ва дар Facebook 22 000 мухлис дошта, асосан дар мавзӯъҳои динӣ ва зарурати ҳамзистии пайрваони мазҳабҳои суннӣ ва шиъа мавод нашр мекард.

Вай ҳамчунин ахиран дар Twitter маъракаеро дар бораи афроди гумшудаи Покистон роҳандозӣ кард, ки гумон меравад, аз тарафи хадамоти амният ё ҳарбиён рабуда мешаванд. Дар яке аз навиштаҳои ахираш ӯ раиси тозатаъини хадамоти амнияти Покистон генерал Файз Ҳамидро бо киноя табрик карда буд. Файз Ҳамид яке аз мухолифони сарсахти охзодии баён дониста мешавад.

Ҳам ба Билолхон дар ҳоле сурат гирифтааст, ба ӯ телефонӣ таҳдид кардаанд ва амакаш дар ҳама ҷо ӯро ҳамроҳӣ мекард, Дар ин ҳамла амаки Билолхон захмӣ гаштааст. Вай мегӯяд, ҳангоми ҳамла тирандозӣ низ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG