Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қирғиз аз паси Алмосбек Отамбоев шудаанд


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Як комиссияи махсуси порлумони Қирғизистон ба баррасии масъалаи маҳрум кардани раиси ҷумҳури собиқ аз ҳаққи масуният шуруъ мекунад. Гурӯҳе аз вакилон мехоҳанд, Алмосбек Отамбоев аз ҳаққи масуният маҳрум шавад, то додситонҳо тавонанд ӯро расман ба ришвахорӣ муттаҳам кунанд.

Кумиссиёни иборат аз 12 вакил рӯзи 17-уми июн ва баъди он ба кор шурӯъ кард, ки 60 вакили порлумони Қирғизистон бо имзои як муроҷиатнома Отамбоевро ба ришвахорӣ ва аз ҷумла ғасби қудрат дар замони раёсати ҷумҳуриаш муттаҳам карданд. Бар асоси як қонуне, ки моҳи май ҳукми иҷро гирифт, дар сурати маҳрум кардан аз мақоми раиси ҷумҳури собиқ, додситонӣ ҳақ дорад, ба зидди ин президент парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Барои ин вакилон бояд панҷ иттиҳомеро ба додситонии кулл пешниҳод кунанд ва дар сурати ёфтани асос барои ин иттиҳомот, порлумон метавонад, раиси ҷумҳури собиқаро аз ҳаққи масуният маҳрум кунад.

Қонуни мазкурро Сооронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури феълӣ ва вориси Алмосбек Отамбоев рӯзи 27-уми май имзо кард ва баъд аз онки баъзе аз сиёсатмадорон хостанд, фаъолиятҳои Алмосбек Отамбоев тафтиш карда шавад. Ӯ аз соли 2011 то соли 2017 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд.

XS
SM
MD
LG