Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакхоҳии духтари Гулнора Каримова аз мақомоти Узбекистон


Набераи президенти нахустини Узбекистон Имон Каримоваи 21-сола бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Instagram гуфтааст, сардори зиндон ба модараш Гулнора Каримова фишор меорад.

Каримова навиштааст, ки дар зиндон ба модараш кумаки зарурии тиббиро намерасонанд ва бо вуҷуди доштани чандин навъи беморӣ ӯро аз санҷишҳои бешумору пай дар пай мегузаронанд.

"Сардори зиндон ба раҳбарии кормандони Додситонии кулли Узбекистон бо номи Илёс Султонович ва Анваров У. дастур медиҳад, ки ба модарам фишори ҷисмонӣ ва равонӣ диҳанд",-афзудааст ӯ.

Пештар аз ин Грегуар Манжа, вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ зери фишори равонии доимӣ қарор дорад. "Ӯро табобат намекунанд. Баъди охирин дидори мо Каримоваро фавран аз табобатгоҳи зиндон берун бурданд",-навишт вакили мудофеъ дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер".

Вале ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. "Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад",-иттилоъ медиҳад додситонӣ

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18-уми декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1-уми июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Гузоришҳои видеоӣ

"Маро заданд, дору доданд ва таҷовуз карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
XS
SM
MD
LG