Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон истеҳсоли урани ғанишударо афзоиш медиҳад. ВИДЕО


Беҳрӯз Камолвандӣ
Беҳрӯз Камолвандӣ

Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони Атомии Эрон гуфт, кишвараш то даҳ рӯзи дигар ба ҳадде уран истеҳсол мекунад, ки зиёдтар аз ҳаҷми пешнибинкардаи созиши атомӣ аст. Беҳрӯз Камолвандӣ дар як нишасти хабарие, ки телевизиони Эрон рӯзи 17-уми июн мустақим намоиш дод, гуфт, Эрон бо назардошти “эҳтиёҷоти кишвар ураниуми ғанишударо” зиёдтар тавлид мекунад.

Пештар аз ин баёнияи Камолвандӣ, раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, Эрон иҷрои тааҳудоташ бар асоси созиши атомиро камтар мекунад, то замоне, ки аз тарафҳои дигари созиш “посухи мусбат” дарёфт накунад. Баъди онки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико кишварашро аз созиши атомии таърихии соли 2015 хориҷ кард, Эрон дар посух, иҷрои баъзе аз бандҳои созишро муттавақиф кард.

Доналд Трамп мегӯяд, ки созиш нисбат ба Эрон сахтгирона нест ва монеи дастёбии ин кишвар ба силоҳи атомӣ намешавад. Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 15-уми июн дар Душанбе гуфт, Эрон наметавонад, яктарафа ба ин созиш пойбанд бошад. Ӯ айни замон афзуд, ки Теҳрон ба “иҷрои баъзе аз бандҳои созиш идома медиҳад”, вале даст кашидан аз иҷрои баъзе аз бандҳо ба сабаби “рӯёрӯӣ” бо Амрико аст.

Доналд Трамп таҳримоти сахт ба зидди Эрон аз ҷумла ба зидди соҳаи нафту бонкдориро барқарор кард ва иқтисоди ин кишвар ба мушкилоти зиёд дучор шуд. Таниш байни Амрикову Эрон дар ҳафтаҳои гузашта баъди ҳамла ба чанд киштии нафткаш дар Халиҷи Форс авҷ гирифт. Амрико мегӯяд, ҳамлаҳо кори дасти Эрон аст. Теҳрон ин иддаоҳоро рад кардааст.

Эрон захираи урани ғанигардонидашударо афзоиш медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

XS
SM
MD
LG