Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дурбинҳои ҳушманд"-и Душанбе чеҳрашинос низ шудаанд


Аз ин ба баъд дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва афроди дар пайгарди қонун, камераҳои симошинос ба мақомоти тафтишотӣ ва қудратӣ, кӯмак хоҳанд кард.

Дар нуқтаҳои серодами Душанбе дар баробари камераҳои назоратӣ, дурбинҳои "шинохти чеҳра", насб мешавад. Ин камераҳо ба фарқ аз дурбинҳои қаблӣ, имкон доранд симои шахсеро, ки мақомот ҷустуҷӯ мекунанд, шиносоӣ намуда ба шахсони масъул хабар диҳад.

Дурбинҳо барои "шинохти чеҳраҳо"

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар навбати аввал насби чунин камераҳо дар пойтахт пешбинӣ шудааст. Фурқат Шоимардонов, муовини маркази "Шаҳри бехатар" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин камераҳо рӯзҳои наздик дар маҳалҳои сериздиҳом, аз ҷумла фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан, марказҳои савдою бозорҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ, насб мешавад.

Шоимардонов мегӯяд, ин дурбинҳо дар ҳолати 25 дарсад шинохти чеҳраи одаме, ки ба афроди гумонбар шабоҳат дорад, ба маркази "Шаҳри бехатар" хабар медиҳад. "Дар махзани барномаи ин камераҳо, акси афроди дар ҷустуҷӯбуда ворид карда мешавад. Дар ҳолати шинохти қиёфаи онҳо аз тариқи ин камераҳо, сигнали огоҳкунанда дода мешавад",-афзуд ӯ.

То имрӯз мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон бештар тариқи нашри эълон бо аксҳои афроди гумонбар ба ин ё он ҷиноят, онҳоро ҷустуҷӯ мекарданд. Ин эълонҳо маъмулан дар расонаҳои давлатӣ, назди идораҳои вазорати корҳои дохилӣ ва сомонаи ин вазорат нашру паҳн мешуданд. Баъзан мақомот бо ваъдаи мукофотҳои гаронарзиш аз сокинон ҳам дар пайдо кардани ҷинояткорони хатарнок кӯмак мехостанд. Ҳамакнун онҳо бовар доранд, ки бо истифода аз ин дурбинҳо корашон дар ин самт муассиртар хоҳад шуд.

Ҳадаф аз насби камераҳои нав, ки тавони ошкор кардани чеҳраи ҷинояткорро дорад ва истеҳсоли ширкати маъруфи "Huawei"-и Чин аст, ба осонӣ пайдо кардани афроди дар пайгард қарордошта будааст. Мақомоти тоҷик мехоҳанд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар барои таъмини амният ва коҳиши ҷинояткорӣ аз ин роҳ кор бигиранд. Ҳарчанд хазинаи насби ин камераҳо гуфта намешавад, аммо тарҳи "Шаҳри бехатар" дар соли 2013, 22 миллион доллар харҷ дошт ва аз ҳисоби қарзи давлатии Тоҷикистон аз Чин амалӣ шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд мақомот аз ошкорсозии қоидавайронкуниҳо ва гоҳе ҷинояткорӣ тавассути "Шаҳри бехатар" садо баланд мекунанд, аммо ба пурра шаффоф будани кори онҳо бо шубҳа менигаранд.

"Хуб аст, агар шаффоф бошад..."

Сокинони аз фаъол шудани дурбинҳо ё камераҳои симошиносро дар маконҳои серодами шаҳри Душанбе истиқбол карда, мегӯянд, амнияти онҳо дар кӯчаҳо бештар таъмин мешавад, агар кори он шаффоф ба роҳ монда шавад.

Саидакбар як сокини пойтахт гуфт, "хайр, барои дақиқ кардани ҷинояткор ё муайян намудани ягон ҳодисаҳои нохуш албатта ин муҳим аст. Вале бояд масъулин хеле ҷиддӣ кор кунанд, то натиҷаи баръакс надиҳад. Барои мисол, ҳоло омилҳои коррупсионӣ зиёд аст, набояд дар ин хел ҳолатҳо гузашт шавад ва бо пайдо кардани ин ё он ҷинояткор ва гирифтани "ҳақ", онро аз компютер пок кунанд".

Ин навгонӣ дар кори "Шаҳри бехатар" дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз насби 814 камераи мушоҳидавӣ дар соли 2013, онҳо тавонистаанд мавридҳои қоидавайронкунӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар роҳу хиёбонҳои пойтахтро то андозае коҳиш диҳанд. Он замон гуфта мешуд, ки як ҳадафи дигари насби камераҳои назоратӣ дар пойтахти Тоҷикистон ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионии кормандони БДА низ ҳаст.

Бо вуҷуди ин ронандаҳо аз кори ин марказ ва ҷаримаҳои ҳангуфти он чандон розӣ нестанд. Вазорати корҳои дохилӣ тавассути дурбинҳои "Шаҳри бехатар" пайваста феҳристи дурударози ронандаҳоеро нашр мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд. Дар миёни ин рӯйхат исми афроди шинохтаву фарзандони онҳо ҳам борҳо нашр шудааст.

"Шаҳри бехатар" гадоҳоро гурезон кардааст

Дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" аксар гадоҳои маркази Душанберо эҳтиёткор ва аз нуқтаҳои "сердаромад" барои талбандагӣ гурезон кардааст. Дар 3 моҳи аввали соли равон тавассути ин дурбинҳо дар шаҳр беш аз 700 талбандаву оворагард сабт шудаанд. Масъулини маркази "Шаҳри бехатар" ҳолатҳои талбандагиро дар шаҳр назорат намуда, ба мақомоти пулис хабар медиҳанд.

Ҳадаф аз ин иқдом ҳам кам кардани мавориди талбандагӣ дар пойтахт гуфта мешавад. Ба таъкиди мақомот, амали гадоӣ ҳам як навъ вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дониста мешавад ва бояд дар пойтахт, ки "шумори сайёҳону меҳмонон зиёд аст, чунин амал ба чашм нарасад".

Бар асоси омори расмӣ, дар шаш соли ахир тавассути маркази "Шаҳри бехатар" наздик ба 2 миллион нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ сабт шуда, аз ҳисоби ҷаримаҳо бештар аз 132 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар ворид гардидааст.

Ҳамчунин, марказ қариб 65 ҳазор ҳолати вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро ба қайд гирифта, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо операторони "Шаҳри бехатар" 420 ҷиноятро ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG