Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурбинҳои "Шаҳри бехатар" талбандаҳоро гурезон кардааст. ВИДЕО


Дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" аксар гадоҳои маркази Душанберо эҳтиёткор ва аз нуқтаҳои "сердаромад" барои талбандагӣ гурезон кардааст. Дар 3 моҳи аввали соли равон тавассути ин дурбинҳо дар шаҳр беш аз 700 талбандаву оворагард сабт шудаанд.

Масъулини маркази "Шаҳри бехатар" ҳолатҳои талбандагиро дар шаҳр назорат намуда, ба мақомоти пулис хабар медиҳанд. Ҳадаф аз ин иқдом ҳам кам кардани мавориди талбандагӣ дар пойтахт гуфта мешавад. Ба таъкиди мақомот, амали гадоӣ ҳам як навъ вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дониста мешавад ва бояд дар пойтахт, ки "шумори сайёҳону меҳмонон зиёд аст, чунин амал ба чашм нарасад".

Ҳарчанд ҳеҷ қонуне дар Тоҷикистон расман талбандагиро манъ накардааст, аммо дар шаҳрҳои ин кишвар талош мешавад, то талбандаҳоро аз хиёбонҳо дур кунанд.

Як корманди маркази “Шаҳри бехатар” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати мушоҳидаи талбандаҳо тавасути дурбинҳои назоратӣ, ба пулиси роҳ ё нозирони минтақавӣ хабар медиҳанд, то онҳоро аз хиёбон дур кунанд.

Зоҳиран ин иқдом ҳоло танҳо нуқтаҳои талбандагӣ ва шеваи онро каме тағйир додааст. Аммо ба назари таҳлилгарон, талоши манъ ва кам кардани теъдоди талбандаҳо, ки аксари онҳоро зиндагӣ ва дарёфти нони даҳон ба ин амал маҷбур мекунад, роҳи дурусти ҳалли мушкил нест.

Достони талбандагии ду хоҳари нобино

Хоҳарони нобино Фотима ва Зуҳро чанд сол боз аз рӯйи зарурат дар хиёбонҳои пойтахт аз мардум пул мепурсанд. Ин бор онҳо барои ҷамъоварии пули табобати Фотима ба гадоӣ баромадаанд. Фотима аз бемории шуш азият мекашад ва давоҳое, ки барояш духтурон навиштааст, гарон аст. "Бояд уколи сефтраксон бигирам. Нархаш маълум, ки арзон нест",-мегӯяд Фотима.

Ин ду хоҳар қаблан дар корхонаҳои махсуси нобиноён кор мекарданд ва бо маоши худ зиндагиро пеш мебурданд. Баъдӣ аз кор мандани ин муассиса онҳо ба кӯчаи талбандагӣ рӯ оварданд. Мегӯянд, бо нафақапулии ночиз наметавонанд рӯзи худро пеш баранд. "Барои хурду хӯрок як бало карда мерасонем, аммо барои дигар ниёзҳоямон маҷбурем аз дигарон пул пурсем",-афзуд Фотима.

Роҳ рафтан барои ин ду хоҳар, ки пеши пойи худро дуруст намебинанд, махсусан дар рӯзҳои офтобӣ мушкил аст. Аммо дар як нуқта нишаста пул талбида ҳам наметавонанд, зеро пулис ба суроғашон меояд. Онҳо маҷбуранд бо такя ба ҳамдигар ва асои даст дар хиёбонҳои пуродами шаҳр равуо намуда, пул пурсанд. "Милисаҳо мегӯянд, апаҷонҳо набароед талбандагӣ. Мегӯянд, дар ҷойи ҷамъиятӣ талбидан мумкин нест. Аммо пули мо ба зиндагӣ намерасад. Чӣ кор кунем?",-мегӯяд Фотима.

Чаро дурбинҳои "Шаҳри бехатар" талбандаҳоро метарсонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Ин ду хоҳар мегӯянд, агар мисли солҳои қабл бо кор таъмин мешуданд, зарурате барои бо чашмони нобино ба кӯчаҳои шаҳр баромадан намемонд.

"Дуздӣ кунем ё фоҳишагӣ?"

Бибиҳоҷар Сафароваи 50-сола, ҳам тавассути талбандагӣ зиндагии худ ва як фарзандашро пеш мебарад. Ӯ чанд сол пеш шаваҳарашро аз даст дод. Маъюб аст ва наметавонанд ҷое кор кунад. Бибиҳоҷар мегӯяд, бори охир ду ҳафта пеш милисаҳо ӯро барои гадоӣ дар маркази шаҳр, боздошт карданд.

Талбандагӣ дар роҳҳои калону серодам ё наздики дурбинҳои назоратӣ маъмулан барои Бибиҳоҷар ҳамин тавр анҷом меёбад. Ӯ мегӯяд, "170 сомонӣ нафақа ва 170 сомонӣ ятимпулии духтарам аст. Пули иҷора 250 сомонӣ аст. Наталбам чӣ мехӯрам? Милисаҳо пеш мекунанд, мебаранд маҳкам мекунанд. Чанд бор бурда маҳкам карданд то бегоҳ. Мегӯянд, мумкин нест. Чӣ кор кунем? Дуздӣ кунем ё фоҳишагӣ",-мегӯяд ӯ.

Бибиҳоҷар ҳоло мисли аксар ронандаҳо ҳамаи роҳҳоеро, ки дурбинҳои назоратӣ сабт шудаанд, медонад ва кӯшиш мекунад ба чашми дурбин наафтад. Ӯ акнун бештар дар гӯшаҳои дуртар аз марказ пул мепурсад. Танҳо дар ҳолатҳо хеле зарурӣ ба нуқтаҳои серодам ва роҳҳои марказӣ меравад. "Агар бисёр пул даркор шавад, дар назди ин светофорҳо меистам, камтар пул кор карда зуд аз он ҷо меравам, ки милисаҳо боздошт накунанд",- мегӯяд ӯ. Дар роҳҳои марказии шаҳр Бибиҳоҷар то 100 сомонӣ ҷамъ мекард, дар нуқтаҳои дуртар то 30 сомонӣ пул ба даст меорад.

Шумори дақиқи афроде, ки дар хиёбонҳои шаҳр ба талбандагӣ машғуланд, маълум нест, аммо дар 3 соли ахир дурбинҳои назоратии маркази "Шаҳри бехатар" мисли хоҳарон Фотима ва Зуҳрову Бибиҳоҷар беш аз 5 ҳазор талбандаву оворагардонро мушоҳида ва сабт кардааст.

"Ҷаримабандӣ роҳи ҳал нест"

Ҳарчанд ҳеҷ қонуне дар Тоҷикистон расман талбандагиро манъ накардааст, аммо дар шаҳрҳои ин кишвар талош мешавад, то талбандаҳоро аз хиёбонҳо дур кунанд. Чанд соли пеш шаҳрдори Душанбе супориш дода буд, талбандаҳои Душанбе рӯйхат ва сатҳи зиндагии онҳо омӯхта шавад. Дастури назорати ҳолатҳои гадоӣ тавассути дурбинҳои шаҳри бехатар ҳам соли 2017 дода шудааст.

Аммо аксар сокинон бар ин боваранд, ки манъ кардани амалӣ талбандагӣ тавассути назорату ҷаримабандӣ роҳи ҳал нест. Чаман, як сокини Душанбе мегӯяд, агар шароити зиндагии мардум хуб бошад, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ дар гармову сармо ба хиёбон барои гадоӣ намебароянд. Чаман аз муносибати бархе аз милисаҳо бо талбандаҳо нороҳатӣ мекунад.

"Ман бо чашми худ дидаам, ки милиса талбандаро аз дасташ гирифта тела медиҳад. Бояд барои онҳо аввал шароит фароҳам кунанд. Вақте одам гурусна аст ва кор надорад, маҷбур аст ба ин роҳ равад? Вай девона нест, ки дар хунукӣ бо кӯдак ба кӯча барояд?"

Ба назари Далер Ортиқов, мусоҳиби дигари мо дар воқеъ дар пойтахт шумори талбандаҳо зиёд аст ва ба ҷойи назорату ҷарима мақомот бояд барои кӯмак ба онҳо чораандешӣ кунад. "Дар панҷ дақиқае, ки ба бозор медароӣ, панҷ нафар ба наздат барои пулпурсӣ меояд. Ё дар роҳ меравӣ манъ карда роҳпулӣ, ё барои дору пул мепурсад. Ҳоли онҳоро дида одам нороҳат мешавад",-меафзояд Далер.

Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки иқдомҳо барои дур кардани афроди талбанда дар маркази шаҳрро дуруст медонанд. Ба назари ин гурӯҳ барои риояи тартибот дар пойтахт, бояд барои дур кардани онҳо илоҷе пайдо карда шавад.

Пешниҳоде, ки дастгирӣ наёфт

Чанд соли пеш ҳунарманди шинохтаи тоҷик Убайдулло Раҷабов дар як ҷаласаи шаҳрдории Душанбе бо нигаронӣ аз теъдоди зиёди гадоҳо дар кӯчаҳои пойтахт, пешниҳод карда буд, ки гадоҳоро ҳисобу китоб кунанд ва барои мардуми талбанда дар ҳамаи 4 ноҳияи Душанбе ошхонаҳои махсуси хайрия ташкил кунанд. Дар шарҳи сабаби пешниҳоди худ Убайдулло Раҷабов гуфта буд, ҳар боре меҳмонони зиёде ба Душанбе меоянд, теъдоди зиёди гадоҳо дар кӯчаҳои пойтахт, хиҷилкунанда аст.

Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, талбанда дар кӯчаи шаҳр оинаи воқеиятҳо аст, ки дар пасманзари биноҳои болобаланду мошинҳои гарон ва чеҳраҳои зебову хушлибос гӯё нури шаҳрро мекоҳонад. Вале ин ҳақиқати талхи воқеиятҳои имрӯза аст "Талоши мақомот барои дур кардани талбандаҳо аз кӯчаҳои марказӣ ҳам фақат ба ҳамин хотир аст, ки заъфу дардҳои ҷомеа бо чашми сар дида нашавад, вонамуд шавад, ки шаҳр ободу зебо аст”.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, то замоне, ки мушкилоти иқтисодӣ вуҷуд дорад ва мардум ҷои кор надоранд, мушкили талбандагӣ боқӣ мемонад. "Мақомот бояд ба ҷои рондани ин бечораҳо, ки аз афроди раҳмдил ризқи рӯзии худро меёбанд, бояд барои пуштибонии онҳо барномаҳо эҷод кунанд",-гуфт ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG