Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқобод гаронтарин шаҳри дунё эътироф шуд


Пажуҳиши созмони таҳқиқотии ECA International собит кард, ки шаҳри Ишқободи Туркманистон гаронтарин шаҳри дунё аст.

Дар гузориши созмони мазкур омадааст, гаронтарин макони дунё барои зиндагӣ пойтахти Туркманистон аст. Дар арзёбиҳои созмон Ишқобод соли гузашта дар мақоми 111 қарор дошт, аммо имсол ба мақоми 110 фаромадааст.

"Мақоми Ишқобод мумкин аст, барои баъзеҳо тааҷҷубовар бошад, аммо касоне ба ин вазъ ошно ҳастанд, ки вазъи иқтисодӣ ва мушкилоти бозори арзи Туркманистонро медонанд. Болоравии мудовими сатҳи таваррум дар ҳамоҳангӣ бо бозори сиёҳи асъори хориҷӣ, гароншавии арзиши воридот маънои онро дорад, ки харҷи меҳмонони пойтахти Туркманистон бештар шудааст",-шарҳ дод Стивен Килфеддер, як намояндаи созмони ECA International.

Дар даҳгонаи шаҳрҳои гаронтарин баъд аз Ишқобод пайи ҳам Тсюрих, Женева, Базел, Берн, Ҳангконг, Токие, Сеул, Тел-Авив ва Шанхай шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG