Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон: "Дар давраи хонҳо ба ин ҳад таҳқир нашуда будем"


Мақомоти вилояти Хоразми Узбекистон ба ҳайати Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд бо раҳбарии президенти он Сума Чакрабортӣ зиёфат орост. Дар он ҳунармандон ва раққосаҳои вилоятро маҷбур кардаанд, то нимашаб дар назди меҳмонон бисароянду бирақсанд.

Яке аз кормандони бахши фарҳанги вилояти Хоразм ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, рӯзи 8-уми июн 150 нафар маҷбур буданд, беш аз 8 соат барои ҳайати шашнафарии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар кохи Нуруллобойи ноҳияи Хива хидмат расонанд.

"Дар миёни ин 150 нафар кормандони идораи фарҳанги ноҳияи Хива, телевизион ва корхонаҳои дигар низ буданд. Ташнаву гурусна маҷбур будем, ба меҳмонони хориҷӣ хидмат кунем. Ҳамаи меҳмонон, ҳатто раиси вилоят ва вазири сармоягузории Узбекистон бо либоси ғайрирасмӣ буданд. Арақро нӯшида, раққосаҳои ҷавонро ба назди меҳмонон мехонданд ва амр мекарданд, ки "бирақс!". Моро дар давраи хонҳо то ба ин ҳад таҳқир накарда буданд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, раиси Идораи фарҳанги вилояти Хоразм Шавкат Яхшибоев онҳоро маҷбур кард, то ба меҳмонон дар қасри хонҳои Хива хидмат расонанд.

"Охирҳои моҳи май моро маҷбур карданд, ки зери офтоби сӯзон нахуст барои пешвози президенти Олмон ва сипас барои сарвазири Русия тамрин кунем. Ин бор маҷбур карданд, ки то нимашаб барои бонкдорон хидмат кунем", - изҳор дошт вай.

Намояндаи Идораи фарҳанги вилояти Хоразм тасдиқ кард, барои ҳайати Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар кохи Нуруллобой зиёфатеро баргузор карданд. Вале суханҳои манбаи мо дар бораи хидмат расонидани кормандони муассисаҳои давлатиро ба меҳмонҳои хориҷӣ рад кард.

“Дар асл кормандони бахши фарҳанг вазифадоранд, ки дар чорабиниҳои ҳамсон иштирок кунанд. Ҳеч кас ҳуқуқи онҳоро поймол накардааст. Ин ки мегӯянд, гурусна мондаанд, дурӯғи маҳз аст", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG