Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев ба ҳайси президенти Қазоқистон савганд ёд кард


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти тозаинтихоби Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 12 июн бо адои савганд корро ба ҳайси раисҷумҳури дувуми ин кишвар оғоз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоқаев дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии 9 июн 71 дарсади раъйи иштирокдоронро ба даст овард.

Ин бори дувум аст, ки ӯ ба ҳайси президенти Қазоқистон савганд ёд мекунад. Бори охир моҳи марти соли равон, пас аз истеъфои президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳамчун президенти муваққат савганд ёд карда буд. Тоқаев то он замон раиси Палатаи болоии порлумони Қазоқистон буд ва ҳоло ба ҷои ӯ духтари калонии Назарбоев -- Дариға Назарбоева палатаро раҳбарӣ мекунад.

Тоқаев дар шарҳи гомҳои ояндааш дар сиёсати дохилии Қазоқистон гуфт, стратегияи ҳамтои пешини худро идома медиҳад ва нақши президентро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвараш коҳиш доданӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи талошҳо ба ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорон, ҳимояти сармояҳо ва "ташкили табақаи миёна" равона хоҳад шуд. Вай ваъда дод, ки "ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад".

Нозирони маъмурияти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, интихоботи президентии Қазоқистон, ки дар он Тоқаев баранда эълом шуд, бо нақзи бешумори озодиҳои асосӣ ва меъёрҳои демократӣ баргузор гашт.

Дар Қазоқистон эътирозҳо бо шиори "Тоқаев президенти ман нест" ҷараён доранд. Тазоҳургарон мегӯянд, интихобот одилона ва шаффоф набуд. Пулис ҳудуди 700 эътирозгарро боздошт карда, 550 тани онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG