Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори қирғиз баъди таҳқири хабарнигор аз мақом барканор шуд


Туйгунаалӣ Абдраимов, раиси ҳукумати вилояти Чуй бинобар таҳқири хабарнигор аз мақомаш барканор шуд.

Туйгунаалӣ Абдраимов аз мақоми раисии ҳукумати вилояти Чуйи Қирғизистон озод шуд. Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон дар ин бора фармон имзо кардааст.

Туйгунаалӣ Абдраимов рӯзи 5-уми июн ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар деҳаи Ороки ноҳияи Сокулук, ки онҷо миёни сокинони маҳаллӣ низоъ бархоста буд, гуфт, ба саволи як хабарнигори зан ба далели писанд нашудани чеҳрааш посух намедиҳад. "Чеҳраи шумо ба ман писанд нест. Шумо чеҳраи номақбуле доред",-гуфт вай.

Баъди он танқидҳо нисбати мансабдор афзуда, афроди зиёде истеъфои ӯро талаб карданд. Фаъолон гуфтанд, ки мансабдор бо ахлоқи хизматчии давлатӣ ошно нест. Сарвазири Қирғизистон пештар аз ин гуфта буд, ба рафтори мансабдор баҳо хоҳад дод.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG