Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон қасд дорад наздики 3 ҳазор шаҳрвандашро аз Ховари Миёна баргардонад


Усмонхон Алимов

Усмонхон Алимов, раиси Идораи мусалмонони Узбекистон гуфт, дар минтақаҳои низои Ховари Миёна қариб 3 ҳазор узбекистонӣ ҳузур доранд.

Ҳукумати Узбекистон рӯзи 30-юми май хабар дод, ки аз Ховари Миёна 156 зодаи Узбекистон бо ҳавопаймои махсус ба кишвар оварда шудааст. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, амалиёти наҷотдиҳӣ идома мекунад.

Усмонхон Алимов дар суҳбат бо телевизионҳои маҳаллӣ гуфт, наздики 3000 ҳазор шаҳрванди дигар ба ватан оварда хоҳанд шуд.

"Имомони мо бо одамони баргардонидашуда суҳбат мекунанд. Мо ҳамчунин занҳоро сафарбар кардем, ки бо занҳои баргашта суҳбат кунанд. Зеро дар вуҷуди онҳо ва фарзандонашон ҳисси ҷанг, бадбинӣ, хусусмат ва душманӣ ба одамони дигар реша дорад", - гуфт вай.

Имрӯзҳо телевизионҳои Узбекистон бо касоне мусоҳиба анҷом медиҳанд, ки аз Сурия баргаштаанд. Занҳои баргашта мегӯянд, бо роҳи фиреб ва иҷбори шавҳарону бародарон ва ё фарзандонашон ба онҷо рафта буданд.

Ба иттилои мавҷуда, танҳо дар як урдугоҳи Ал-Холи Сурия аз 150 то 500 шаҳрванди Узбекистон ҳузур дорад

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG