Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Узбекистон фишори равонӣ ба Гулнора Каримоваро рад кард


Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. Каримова айни ҳол дар зиндони занонаи Зангиота адои ҳукм мекунад. "Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад",-иттилоъ медиҳад додситонӣ.

Пештар аз ин Грегуар Манжа, вакили дифои швейтсарии Каримова гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ таҳти фишори равонии доимӣ қарор дорад. "Ӯро табобат намекунанд. Баъди охирин дидори мо Каримоваро фавран аз табобатгоҳи зиндон берун бурданд",-навишт вакили мудофеъ дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер".

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18-уми декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1-уми июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова наздик ба 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

XS
SM
MD
LG