Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷараҳои оҳании сари қабри Бухоризодаро кӣ канд? ВИДЕО


Панҷараҳои оҳанини сари қабри суханшиноси маъруф Абдураҳмон Бухоризодаро дар оромгоҳи “Сари Осиё”-и Душанбе кандаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон харобкоронро меҷӯяд. Аз рӯи ин амал парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Наздикони Бухоризода охири ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рафторро "вандализм" номида, дар сари задани ҳодиса бештар нозирони оромгоҳро айбдор карданд. Онҳо гуфтанд, садои шикастани оҳан аз дур ҳам шунида мешавад ва чӣ гуна нозирони қабристон аз он бехабар мондаанд.

Баҳодур Сафаров, мудири оромгоҳи "Сари Осиё" ҳодисаро дуздӣ арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, "ҳодиса чаҳор-панҷ моҳ пеш шудааст. Шикаста ва бо худ бурдани панҷараҳои оҳании сари қабри Абдураҳмон Бухоризода вандализм нест, дуздӣ аст."

Абдураҳмон Бухоризода, доктори илми суханшиносӣ, соли 1987 дар Душанбе дафн шудааст. Ба навиштаи сомонаи Википедияи тоҷикӣ, ӯ зодаи шаҳри Самарқанд аст ва дар хонаводаи маорифпарвари тоҷик Мирзо Бухорӣ таваллуд шудааст. Вай соли 1928 ба Тоҷикистон омада, бештар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва "Газетаи муаллимон" кор кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Панҷараҳои оҳании сари гӯри олими тоҷикро кӣ канд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Он чӣ дуздонро ба қабристон меорад, металҳои болои гӯр аст, ки дар бозор мефурӯшанд ва даромад мегиранд. Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ё мақомот назорат дар қабристонҳоро сахттар кунанд ва ё тоҷирони оҳан аз харидани ашёи оромгоҳҳо худдорӣ кунанд.

Нодир Валиев, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 8 июн гуфт, “одаме, ки оҳанро қабул мекунад, магар намепурсад, ки аз куҷо гирифтӣ? Мо чанд дуздро қапидем ва ба мақомот супоридем.”

Оромгоҳи “Сари Осиё” дар 70 гектар замин ҷойгир аст ва назорат кардани чунин майдони васеъ бар дӯши чаҳор посбон аст.

Дар гузашта дар Фархор ва баъзе аз ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон панҷараҳои оҳанӣ ва салибҳои гӯристони насрониёнро шикаста ва бо худ бурда буданд. Он замон гуфта шуд, ки ба эҳтимоли ғолиб табаҳкорон ба хотири истифодаи маҳсулоти оҳанӣ, симу арматура ва ҳам сангу хишти қабрҳо ба ин кор даст мезананд.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон тахриб ва ё беэҳтиромӣ ба ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо амали ҷиноӣ ба ҳисоб меравад. Бар асоси моддаи 243-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо) аз 16 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима то 5 соли зиндонро дар пай дорад.

Шарҳҳоро бинед (14)

XS
SM
MD
LG