Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулбарг аз саҳнаи театри Полша саргузаштҳои худро мегӯяд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шоми 7 июн дар саҳнаи Zygmunt Hübner Powszechny – як театри Варшава нахустнамоише бо номи «Бонувони паноҳанда» ба саҳна гузошта шуд, ки дар он занҳои муҳоҷир қиссаҳои худро баён мекунанд. Коргардони ин намоишнома Катарина Сингиера мегӯяд, чор зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ироқ, Доғистону Чеченистон ва ҳамчунин ҳунарпешаҳои Полша аз саргузаштҳои талхи худ қисса мекунанд.

Дар нақши паноҳандаи тоҷик – зане аз Тоҷикистон бо номи Гулбарг Сайфова, модари чор фарзанд аст, ки бо далелҳои сиёсӣ тарки кишвар карда дар Полша муқимӣ шудааст. Ин зан аз рӯзгори осудаву хонаи гармаш дар Тоҷикистон, фаъолиятҳои сиёсӣ ва билохира дар Полша - як кишвари аврупоӣ паноҳанда шуданаш қисса мекунад.

Дар муаррифии намоишнома гуфта мешавад, ки ба идораи умури хориҷиҳои ҳукумати Полша соли 2018 беш аз 4 ҳазор хориҷӣ дар ҷустуҷӯи ҳимояти байналмилалӣ ариза додаанд ва аз миёни онҳо 185 нафар бо чунин ҳимояти ҳуқуқӣ бархурдор шудаанд. «Аз саҳнаи театр аз роҳи баёни саргузаштҳои худ ин занҳо дар бораи муштаракот ва тафовутҳои зиндагиву воқеиятҳои зиндагиашон бо занҳои дигар мегӯянд», навишта шудааст дар муаррифиномаи намоишнома.

Катарина Сингиера дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар лаҳзаҳое чанд пеш аз шурӯи намоишнома гуфт, дар Полша муҳоҷирони зиёде зиндагӣ мекунанд ва ин намоишнома бо ҳадафи фароҳам кардани имконият ба муҳоҷирон дар баёни саргузаштҳои онҳо ба саҳна гузошта шуд. «Ман ба занҳои муҳоҷир имкон додам, ки қиссаҳои худро аз замони берун шуданашон аз ватан бигӯянд», мегӯяд коргардон. «Гулбарг аз Тоҷикистон маҷбур шудааст бо сабабҳои сиёсӣ кишварро тарк кунад. Ин зан бо чор кӯдакаш ба Полша ома два ҳоло ӯ дар ин ҷо аст. Ман зарур донистам, ки ба сокинони Полша дар бораи ин муҳоҷирон нақл кунам, чунки бисёри онҳо дар бораи ин мардум ҳеҷ хабаре надоранд. Бисёриҳо дар ин ҷо хаёл мекунанд, ки муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи зиндагии хуби иқтисодӣ меоянд. Вале қаҳрамонҳои ман афроди таҳсилкарда ҳастанд ва дар ватанашон зиндагии хубе доштанду маҷбур онро тарк карданд. Ҳоло дар Полша онҳо бояд дубора худро пайдо кунанд».

Коргардон мегӯяд, ки ин намоишнома ба мақомот дар Полша ва Аврупо ҳам паём медиҳад, ки бояд бо муҳоҷирон муносибати хуб раво бинанд, то ки онҳо тавонанд баъди маҳрумиятҳову мушкилот дубора ба зиндагии шоиста рӯ оваранд.

Дар се соли охир садҳо тоҷикистонӣ талош карданд дар Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва яке аз ин кишварҳо Полша аст, ки аввалинкишвари узви Иттиҳоди Аврупо баъди тарки қаламрави Беларус – як ҷумҳурии шӯравии собиқ ва ҳамсарҳади Русия мебошад. Дар миёни паноҳҷӯён фаъолони сиёсӣ, аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъшудани ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» низ ҳастанд. Раёсати кор бо хориҷиҳои ҳукумати Полша мегӯяд, аз соли 2016 то 2019 дар маҷмӯъ 1219 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ аз миёни аризадодаҳо 85 нафар посухи мусбат гирифта, 367 нафар посухи манфӣ дарёфт карданд. Боқимондаҳо аз дархости худдаст кашида, ба кишварҳои дигар, ғолибан Аврупои ғарбӣ сафар кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG