Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малик Салмон Эронро ба ҳимоят аз шибҳанизомиён айбдор кард


Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ
Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ

Дар яке аз шадидтарин ҳамлаҳои лафзии худ ба Эрон, шоҳи Саудӣ Теҳронро ба "пуштибонӣ аз шибҳанизомиён" муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ "таҳдиде барои таъмини манбаъҳои нафтии ҷаҳон ва амнияти минтақа аст".

Малик Салмон рӯзи 1-уми июн дар нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Макка ҳамлаи чанде пеш ба киштиҳои нафткаш дар соҳили Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамлаи бесарнишинҳо ба муассисаҳои тавлиди нафти Саудиро "амали террористӣ" номид. Вай дар ҷамъи ҳозирон гуфт: "Мо тасдиқ мекунем, ки ин ҳамлаҳои тахрибкорона нафақат ба Саудӣ ва минтақаи Халиҷи Форс, балки ба амнияти ҳавонавардӣ ва таъмини ҷаҳон бо энержӣ равона шудааст."

Шоҳи Саудӣ гуфт, ҳамлаи дронҳо ба муассисаи тавлиди нафти ин кишвар аз тарафи шӯришиёни ҳусӣ дар Яман анҷом шудааст. Вай шӯришиёни ҳусиро "шибҳанизомиёни террористи зери ҳимояти Эрон" ном бурд.

Арабистони Саудӣ (суннинишин) зери ҳимояти Амрико яке аз рақибони асосии Эрон (асосан шианишин) аст ва ҳарду барои касби нуфузи бештар дар минтақа сабқат доранд. Ҳафтаҳои охир таниш дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, яке аз роҳҳои калидӣ барои ҳамлу нақли нафт дар даҳонаи Халиҷи Форс афзоиш ёфтааст ва Эрон таҳдид карда, ки онро мебандад.

Дар оғози моҳи гузашта Вашингтон бо зикри таҳдидҳо аз тарафи Эрон нерӯҳояшро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тақвият дод.

Эрон даст доштани худ дар ҳамлаҳои ахирро рад кардааст. Аббос Мӯсавӣ, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, "Арабистони Саудӣ моҳи мубораки Рамазон ва шаҳри муқаддаси Маккаро барои ба даст овардани суди сиёсӣ ва иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон истифода кардааст."

Арабистони Саудӣ моҳи гузашта ин нишасти изтирориро даъват карда буд, то мавқеи ягонаи кишварҳои мусалмонӣ ва арабиро зидди Эрон эҷод кунад. Вале мақомоти Ироқ, ки ҳам бо Эрон ва ҳам Амрико ҳамкории қавӣ доранд, гуфтаанд, "амният ва субот дар Эрон ба нафъи давлатҳои мусалмонӣ ва арабист".

XS
SM
MD
LG