Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховная Рада истеъфои нахуствазирро қабул накард


Парлумони Украина бо истеъфои нахуствазир Владимир Ҳройсман мухолифат кард. Дар овоздиҳие, ки рӯзи 30 май дар Верховная Рада баргузор шуд, аз 226 вакил танҳо 97 нафар ба ҷонибдории истеъфои Ҳройсман овоз доданд. Баъди савгандёдкунии президент Владимир Зеленский дар таърихи 20 май, ӯ аз ҳукумат тақозо кард, ки ба истеъфо равад ва ба баргузории интихоботи зудраси парлумонӣ амр дод.

Худи Ҳройсман дар суханронии худ дар парлумон гуфт:

“Ман дар вазифаи худ монданӣ нестам. Ман аризаи истеъфои худро додам ва тасмим имрӯз бо шумо аст. Аз сӯи дигар, ман ҳамеша як шахси бомасъулият будам ва ҳеҷ гоҳ аз масъулият наҳаросидам. Ҳамаи ин се соли охир ҳар субҳ ҳар рӯз ман масъулияти худро дар баробари ин кишвар бахубӣ дарк кардаам”

Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Зеленский эълон кард, ки президент шахсан аз парлумон дархост намуд, ки вазири хориҷа Павло Климкин, вазири дифоъ Степан Полторак ва раиси Хадамоти амният Васил Ҳритсакро аз мақомашон баркарор кунад. Дафтари президент гуфтааст, ки ҷараёни барканории додситони кулл Юрий Лутсенко муваққатан боздошта мешавад.

Интихоботи парлумонӣ дар моҳи июл баргузор мешавад. Вале дар овоздиҳии изтирории рӯзи 22 май аъзои Верховная Рада бо баррасии тағйирот ба қонун мухолифат карда Зеленскийро дар бораи чолишҳое ҳушдор додааст, ки дар пешорӯи кори нави панҷсолааш қарор дорад.

XS
SM
MD
LG