Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми Лунгин собиқадорони ҷанги Афғонистонро ба хашм овард


"Братство"- филме дар бораи ҷанги артиши Иттиҳоди Шӯравӣ, ки панҷ ҳунарманди тоҷик низ дар он нақш бозидаанд, дар Русия ҷанҷолбарангез шуд.

Қабл аз нашр, коргардони филм Павел Лунгин онро ба як гуруҳ аз ҳарбиёне, ки дар ҷанги артиши шӯравӣ дар Афғонистон ширкат карда буданд, намоиш дод. Намоиши филм эътирози ​чанде аз афсарони баландрутба ва генералҳо дар Русия ба бор овард ва онҳо бо ирсоли нома ба порлумон, Вазорати фарҳанг ва президенти Русия, хостанд, намоиши филм манъ карда шавад.

Ҳарбиёни русро "саҳнаҳои бо ҳам занозанӣ кардани аскарони масти рус дар назди афғонҳо, ғорати корвонҳои тоҷирон ва ҷангу хархаша бар сари як шими ҷинсу магнитофон" ба хашм овардааст.

Яке аз афсароне, ки хостори манъи намоиши филм шуд, генерал Александр Чубаров, собиқадори ҷанги Афғонистон аст. Ба навиштаи мутбуоти рус, ӯ аз низомиёнест, ки дар паҳлуи яке аз ҷонибҳо дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам ширкат кардааст.

Павел Лунгин.
Павел Лунгин.

Чубаров дар номаи шикоятии худ мегӯяд, "ба назарам, ин филми фармоишӣ аст ё барои он офарида шудааст, ки дар зеҳни тамошобини ғарбӣ таассуроти дурӯғин эҷод кунаду мардуми моро ба шӯр орад. Ба ин шакл ин филмро намоиш додан мумкин нест! Барои чӣ? Барои он, ки дар ҷанг ҳама чиз шуданаш мумкин аст, аммо ошкоро дар ин бора гуфтан зарур нест..."

Аммо ҳунармандони тоҷик, ки дар ин филм нақш офаридаанд мегӯянд, коргардон Лунгин хост, воқеияти талхи ҷангро ба намоиш гузорад, аммо "ҳақиқат" ба баъзеҳо писанд наомад.

Парвиз Пӯлодӣ ҳунарманди тоҷик дар филми "Братство" нақши яке аз қаҳрамонҳои асосӣ, афсари Хадамоти амнияти давлатии Афғонистон Маҷидро мебозад, ки саргузашти воқеии шахсеро тасвир мекунад. Пас аз хуруҷи артиши Шӯравӣ аз Афғонистон, Маҷид бераҳмона кушта мешавад. Ҳатто писараш ҳамкории ӯро бо "артиши бегонаи шӯравӣ" маҳкум карда, ба сафи муҷоҳидони Шимол мепайвандад.

Парвиз Пӯлодӣ рӯзи 29-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба мӯҳтавои филм ва эътирози собиқадорони ин ҷанг гуфт, "мақсади режиссёр ин буд, ки нишон диҳад, ҳама гуна ҷанг оқибати номатлубе дорад. Бархе иштирокчиёни ҷанги Афғонистон мехоҳанд, ки онҳоро доим қаҳрамон ба намоиш гузоранд, аммо ин дурӯғ аст охир. Ҳақиқат ҳамеша талх аст ва вақте он гуфта мешавад, на ба ҳама писанд меояд".

Сӯҳроб Ҷанҷолов.
Сӯҳроб Ҷанҷолов.

Ба ҷуз аз Пӯлодӣ, дар ин филм ҳунармандон Раҷаб Ҳусейнов, Диловар Неъматов, Маҳмадалӣ Маҳмадов ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нашқ офаридаанд.

Сӯҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди Театри ҷавонон офарандаи нақши Ториқ- афсари пуштутабори Хадамоти амнияти давлатии Афғонистон мегӯяд, Лунгин қабл аз офаридани филм ёддоштҳои ширкатдорони зиёди ҷанги Афғонистонро хонда, талош кард, ҷангро бо ҳама воқеиятҳояш тасвир кунад.

"Ин ки Лунгин маҳз тоҷиконро барои фаридани нақшҳо даъват кард низ аз воқеъбин будани ӯ дарак медиҳад. Чунки то ба ҳол дар аксар филмҳои русӣ нақши тоҷиконро озариҳову арманиҳо ва умуман касе қиёфаи шарқӣ дошт, мебозид. Аммо тавре мо огоҳ шудем, бо вуҷуди оне, ки мушовирон гуфтаанд, аз Тоҷикистон даъват кардани ҳунармандон гарон меафтад, Лунгин ба даъвати мо пойфишорӣ кардааст".

Дар ҷанги артиши Шӯравӣ дар Афғонистон аскару афсарони зиёди тоҷик ҳам ширкат кардаанд. Нур Умаров, яке аз собиқадорони ҷанг мегӯяд, имрӯз дар бораи одилона будан ва ё набудани ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон бисёр мегӯянд, аммо аскарони оддӣ мисли ӯ ҷуз аз итоат ба фармондеҳон чорае надоштанд.

​"Имрӯз дар бораи одилона будани ва ё набудани ин ҷанг сухан гуфтан осон аст. Аммо он вақт мо маҷбур будем ба ин ҷанг равем, чун саркашӣ аз хизмат дар артиш ё итоат накардан ба амри фармондеҳ ҷиноят буд ва барои ин сахт ҷазо медоданд".

Нур Умаров, яке аз собиқадорони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон.
Нур Умаров, яке аз собиқадорони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон.

Умаров афзуд, бисёре аз саҳнаву ҳодисаҳое ки дар филм тасвир шудаанд, воқеан ҷой доштанд, аз ҷумла талоши аскарону афсарони Шӯравӣ барои харидани як шими ҷинс ва ё магнитофони ҷопонӣ аз бозори Афғонистон.

"Имрӯз ин шояд хандаовар намояд, аммо он замон ҳамин як ҷинси оддӣ ва магнитофонҳои ҷопонӣ камёфт буданд, харида намешуд. Барои ҳамин, ҳама кӯшиш мекард аз Афғонистон ҷинс ва ё магнитофон харида орад. Ёдам ҳам, он замон ҷинсҳои "монтана" мӯд буданд. Ҳатто як масал буд, ки "Агар ҷинси Монтана мепӯшӣ, пас дар Афғонистон будӣ" - иброз дошт Нуров.

Бо вуҷуди эътирози ҳарбиён, ба намоиши филми Лунгин дар Русия иҷозат дода шуд. Павел Лунгин дар сӯҳбат бо маҷаллаи "Русский репортер" хитоб ба собиқадорони ҷанги Афғонистон гуфтааст, бисёре аз онҳо доим шикоят мекунанд, ки "давлат ба мо хиёнат кард" ва аз онҳо рӯ тофт.

"Пас барои чӣ онҳо ба он давлате, ки ба онҳо хиёнат кардааст, боз арз мекунанд? Агар хиёнат кардааст, пас хомӯш бошед! Шумо ҷангро бохтед, пас чиро ба мо омӯзониданӣ ҳастед!"

XS
SM
MD
LG