Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Путин, Лукашенко ва Ҷеенбеков "ордени Назарбоев" доданд


Роҳбари Қазоқистон ба президенти Русия Владимир Путин, роҳбари Белорус Александр Лукашенко ва президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ордени "Президенти нахустини Қазоқистон - пешвои миллат Нурсултон Назарбоев" тақдим кард.

Фармони Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи тақдими орденҳо 28-уми май нашр шуд. Дар фармон омадааст, ки се роҳбар "ба ифтихори 25-солагии пайдоиши идеяи ҳамгироии Авруосиё ва панҷсолагии имзои Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, инчунин саҳми вижа дар тақвият ва густариши ҳамкориҳо бо Қазоқистон" бо орден мушарраф мешаванд.

Дар ҳайати иттиҳоди мазкур, ки аз сӯи Москва роҳбарӣ мешавад, Арманистон низ шомил аст. Имрӯз, 29-уми май, дар пойтахти Қазоқистон саммити Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG