Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози таҳқиқи таҷовузи зани узбек ҳамроҳи духтари 12-солааш дар Русия


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия яке аз ду марди гумонбарро дар нигаҳдории ғайриқонунӣ ва озору азияти ҷинсии шаҳрванди Узбекистон ҳамроҳи духтари 12-солааш боздошт карданд. Ин ду мард ба он айбдор мешаванд, ки зани 33-сола аз шаҳри Тошканд Н. ва духтари 12-солаашро ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум ва таҷовуз кардаанд. Гумонбари боздоштшуда шаҳрванди 47-солаи Тоҷикистон аст.

Ба иттилои телевизиони Piter.tv, Кумитаи тафтишотии шаҳри Санкт-Петербург дар робита ба ҳодисаи мазкур бо бандҳои "Таҷовуз" ва "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани ду ва зиёда аз он бо шумули ноболиғ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи раҳбари ҷамъияти минтақавии узбекони "Ватандош" Усмон Баротов, гумонбарон занро ҳамроҳи ду фарзандаш дар як манзили иҷора ба муддати тӯлонӣ нигаҳ дошта, озори ҷинсӣ расондаанд.

"18-уми май тавассути шабакаи иҷтимоии "Одноклассникӣ" ба ман муроҷиат кард. Рӯзи душанбе ҳамроҳи як шиносам онҳоро ба Кумитаи тафтишотӣ оварда, ариза навиштем. Ба гуфтаи зан, ӯ ҳамроҳи духтари 12-сола ва писари 7-солааш дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекард. Дар ҳамсоягияш марде аз Тоҷикистон ҳамроҳи як ҷияни 17-солааш мезист. Ин ҷавон, ки ба хонаи онҳо зиёд меомадааст, рӯзе духтари занро танҳо пайдо ва таҷовуз кардааст. Духтар 7-уми май дар ин бора ба модараш хабар додааст ва вақте зан барои даъво ба назди марди ҳамсоя меравад, ӯ низ ӯро ба хона дароварда, латтукӯб ва таҷовуз кардааст",-афзуд Баротов.

Бино ба хабари расонаҳои русӣ, гумонбари асосии парванда - шаҳрванди 47-солаи Тоҷикистон бо хариду фурӯши мошин машғул буда, дар Русия ғайриҷонунӣ ба сар мебарад.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG