Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон пурра бароварда шаванд"


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар нишасте дар Маскав бо ҳайати Толибон хостори баровардани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон шуд.

Гурӯҳи 14-нафарии Толибон бо роҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар барои гуфтугӯ бо сиёсатмадорони баландпояи афғон ва бузургони қабилавӣ ду рӯз дар Маскав буданд.

Лавров рӯзи 28-уми май дар нишасте бахшида ба 100-солагии муносибатҳои Русияву Афғонистон гуфт: “Русия бовар дорад, ки низои Афғонистон бо роҳи низомӣ ҳал намешавад. Роҳи ягонаи имконпазир ба сулҳ дар Афғонистон – роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад.”

“Мо даъват мекунем, ки нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон пурра бароварда шаванд. Мо аз ҳамаи ҷонибҳои Афғонистон мехоҳем ҳарчи зудтар бо дар бар гирифтани гурӯҳи густурдаи нерӯҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ гуфтугӯҳоро оғоз кунанд”, -- гуфт Лавров ҳангоми шодбоши ҳайати Толибон дар ин нишаст, ҳарчанд ин ҷунбиш як созмони террористӣ дар Русия шинохта шудааст.

Ба гузориши ТАСС, дар ин нишаст президенти пешинаи Афғонистон Ҳомид Карзай ва сафири Афғонистон дар Русия Муҳаммадлатиф Баҳанд иштирок кардаанд. Аммо рӯшан нест, ки Баҳанд бо ҳайати Толибон гуфтугӯ дошт. Муҷоҳид нагуфт, ки оё Толибон бо намояндагони ҳукумати Афғонистон вомехӯранд ё не.

XS
SM
MD
LG