Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт узви як оила дар Кобул кушта шуданд


Хонае, ки дар он куштор рух дод
Хонае, ки дар он куштор рух дод

Полиси Афғонистон гуфт, ки афроди мусаллаҳ 7 узви як хонаводаро дар шаҳри Кобул ба қатл расониданд. Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромурз гуфт, ки ин ҳодиса субҳи 27 май дар минтақаи ғарбии Кобул рух дод.

Фаромурз гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо се зан ва ду кӯдак низ буд. Ду узви дигари оила дар ин ҳамла бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурданд.


Ба гуфтаи Фирдавс Фарормурз, бовар меравад, ки ин куштор ба баҳси замин рабт дорад. “Полис муайян кард, ки баҳси сарзада марбут ба даъвоҳои байниоилавӣ будааст”. Ӯ гуфт, ки аъзои хонаводаи қурбонӣ ба полис шикоят карданд.

Фаромурз гуфт, ки таҳқиқ шурӯъ шудааст, вале феълан ҳеҷ нафаре бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса боздошт нашудааст.

Баҳси замин дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон, ки 40 соли охир оташи ҷанг дар он хомӯш намешаваду миллионҳо одам беҷо шудааст, хеле маъмул аст.

Замоне, ки бархе муҳоҷирон ба хонаҳои худ бармегарданд, дармеёбанд, ки хонаи онҳоро нафарони дигар ишғол кардаанд. Дар миёни афроде, ки бо истифода аз зӯр даст ба моликияти дигарҳо мезананд, сиёсатмадорону фармондеҳони бонуфуз ҳам ҳастанд.

XS
SM
MD
LG