Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯб дар зиндон. Эътирози даҳҳо маҳбус дар Одесса


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як зиндони низомаш умумии шаҳри Одессаи Украина бетартибӣ ва сӯхтор рух дод. Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба нашрияи "Думская.net" хабар дод, ки дар назди зиндони №51 шумори зиёди мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва ёрии таъҷилӣ ҷамъ омадааст. Инчунин шумори зиёди ходимони полис ва ҳам низомиёни горди миллӣ ҷамъ шудаанд.

Ин нашрия гуфтааст, ки беш аз 100 зиндонӣ дар дохили маҳбас ошӯб бардоштанд. Чанде баъд раиси полиси вилоят гуфт, ки ошӯбгарон 500 нафар ҳастанд ва аллакай дар бораи осеб дидани як зиндонӣ ва чаҳор корманди зиндон хабарҳо мерасад. Хабар дар бораи қурбониҳо дар даст нест. Бархе матбуот дар бораи гӯё фирор кардани 6 то 15 зиндонӣ хабар доданд, вале тасдиқи расмии ин хабар вуҷуд надорад.

Собиқ раиси низоми зиндонҳои Украина Сергей Старенкий дар саҳифаи худ дар Фейсбук гуфт, ки моҷарои маҳбусон панҷ рӯз пеш шурӯъ шуд ва имрӯз ба марҳилаи доғи худ расид.

Сабаби ошӯб метавонад шароити бади нигаҳдорӣ ва ташдидёбии қоидаҳои будубош дар зиндон бошад. Нашрияи "Думская.net" гуфтааст, ки гӯё панҷ рӯз пеш дар паи бо корд маҷрӯҳ кардани як корманди зиндон ба маҳбусон имкони мулоқот бо наздикон ва ғизохӯриҳои умумӣ дар ошхона манъ шуд. Баъди эътирози зиндониҳо, гӯё раҳбарияти зиндон таҳдид кард, ки рӯзи 27 май дар маҳбас тамринҳои нирӯҳои вижа барпо мешавад ва баъди ин зиндониҳо аз роҳи ошӯб талош карданд пеши роҳи тамринҳоро бигиранд. Бар асоси иттилои дастрас, дар робита бо ошӯб дар зиндон аз рӯи моддаи “фаъолиятҳое, ки боиси бебандуборӣ дар муассисаҳои ислоҳи ҷазо мешавад” парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқ шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG