Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҳизби ҳокими Руминия ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд


26 май, Бухарест

Додгоҳи таҷдиди назари Руминия ҳукми 3,5 соли зиндони Ливиу Драгня, раиси ҳизби ҳокими сотсиал-демократиро бетағйир гузошт. Гузоришҳо ҳокист, ки иҷрои ҳукми раиси ҳизби сиёсӣ билофосила шурӯъ мешавад.

Драгняро барои коррупсия ва шеваи худкомаи раҳбарӣ гунаҳгор мекунанд. Баъди интихоботи соли 2016 ӯ қарор буд нахуствазири Руминия мешуд, вале доғи судӣ ба ин иҷоза надод. Бо ин ки дар ҳукумат дигар аъзои ин ҳизб раҳбарӣ мекарданд, ба андешаи таҳлилгарон, “раиси воқеии ҳукумат маҳз Драгня буд”.

Драгняро додгоҳи зинаи аввал барои талоши сӯиистифода аз мақом ва сохтакорӣ ба 3,5 соли зиндон маҳкум карда буд. Ҳоло бо иҷро шудани ҳукми додгоҳ карераи сиёсии Драгня дигар хотима меёбад.

Ҳукми додгоҳи таҷдиди назар дар соатҳое содир шуд, ки рӯзи 26 май сокинони Руминия дар як раъйдиҳӣ тадбирҳои пешниҳодкардаи ҳизби ҳоким барои мубориза бо коррупсияро рад карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG