Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши минибусе дар Кобул 10 нафар маҷрӯҳ шуд


Дар паи таркиши як минибусе дар Кобул, ки ба он бомба насб шуда буд, даҳ нафар маҷрӯҳ шуд. Ин мошин коргарони ҳукуматиро интиқол медод. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, бомба субҳи 27 май ва дар лаҳзаҳое таркид, ки кормандони вазорати умури динӣ ба кор мерафтанд. Яке аз маҷрӯҳшудаҳо дар ҳолати сангин мебошад. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта маъмулан чунин ҳамлаҳоро аъзои Толибон ва ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом додаанд. Ҳафтаи гузашта дар паи таркише дар як масҷиди Кобул ба ҳангоми намозгузорӣ, се нафар, аз ҷумла як рӯҳонии бонуфуз кушта шуда, дасти кам 20 нафар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG