Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, барои эътироз ҳангоми сафари Э.Раҳмон ҷарима шудааст


Баҳром Ҳамроев
Баҳром Ҳамроев

Баҳром Ҳамроев, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфт, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Твери Маскав, ки ӯро барои эътироз ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон 15 ҳазор рубл ҷарима баст, ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳад кард.

Ин ҳомии ҳуқуқ рӯзи 17-уми апрел, дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар наздикии Кремл бо шиори “Рахмон! Освободи политзаключенных!” эътироз кард.

Баҳром Ҳамроев, корманди созмони “Мемориал” аст, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят мекунад. Ӯ рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебарад.

Ӯ мегӯяд, "ин ҳукм далели маҳкум кардани садои эътироз дар баробари ҳукуматест, ки мақомоти Русия аз он пуштибонӣ мекунанд".

"Шояд дар Русия ин ҳукмро бекор накунанд, вале то Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят мекунам”, -- афзуд ӯ.

Ин фаъоли ҷамъиятӣ мегӯяд, ҳадафи эътирозаш ҷалби таваҷҷӯҳ ба “зиндониёни сиёсӣ” дар Тоҷикистон буд. Мақомоти тоҷик вуҷуди “мабусони сиёсӣ”-ро ҳамеша рад карда ва ин ибораро бофта медонанд.

Рӯзи 17-уми апрел, дар лаҳзаҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Кремл мулоқот доштанд, ду тан аз тарафдорони созмони феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав бо шиори "Шинос шавед: Диктатор Эмомалӣ Раҳмон” пикети эътирозӣ ташкил карда, ба раҳгузарон варақаҳоро бо чунин мазмун низ тақсим карданд.

Аъзои “Гурӯҳи 24”-ро низ он рӯз ҳамроҳи Баҳром Ҳамроев ба пулис бурда, протокол карданд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 16-17-уми апрели имсол дар раъси як ҳайати бузурги давлатӣ бо як сафари расмӣ ба Маскав рафт ва бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аксараш дар сатҳи ёддошт буд ва бузургтарин созишномаи имзошуда тавофуқи Русия барои сохтани 5 мактаби русӣ дар 5 шаҳри Тоҷикистон ва тавофуқи Талко бо бонки ВТБ буд.

XS
SM
MD
LG