Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор бар бозори марказии Ховалинг


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як бахши яклухтфурӯшии маводи хӯроквории бозори марказии Ховалинг ба коми оташ рафтааст. Шоҳидон гуфтанд, ки сӯхтор нимашаби 22-юми май рух дода ва бо кӯмаки оташнишонҳо хомӯш карда шуд. Масъулон дар ҷамоати шаҳраки Ховалинг мегӯянд, ки дар пайи ин сӯхтор ду дӯкон зарар дидааст. Вале шоҳидон мегӯянд, ки сӯхтор зиёда аз 10 дӯконро ба коми худ кашидааст.

Сулаймон Юсупов, раиси ҷамоати шаҳраки ноҳияи Ховалинг чоршанбеи 22-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин оташсӯзӣ ду дӯкони сабзавот ва гӯштфурӯшӣ ба коми оташ рафтанд. Ба гуфтаи Сулаймон Юсупов, оташнишонҳо ба зудӣ сӯхторро хомӯш карданд ва нагузоштанд, ки аланга паҳн шавад.

"Дар ҳамин ду дӯкони берун аз дарвозаи бозор сӯхтор шудааст, яке сабзавотфурӯшӣ, дигаре дӯкони гӯштфурушӣ ҳаст. Ҳоло оташнишонҳо таҳқиқ дорад, аммо фарзияи аввал, ин расиши ноқилҳои барқ гуфта мешавад",-гуфт раиси ҷамоат.

Аммо сокинони ноҳияи Холвалинг мегӯянд, ки дар ин оташсӯзӣ ҳудуди даҳ дӯкон ба коми оташ рафта, сӯхта хокистар шуданд. Мусо, як сокини Ховалинг, ки мегӯяд ҳини сӯхтор дар маҳал қарор дошт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, оташсӯзӣ аз ду дӯкони гуштфурӯшӣ оғоз шуда, ба дӯконҳои дигар гузашт.

Ҳаҷми зиёни расида аз ин оташсӯзӣ то ба ҳол маълум нест ва мақомот ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Аз ҷумла, сабаби сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанберо мақомот дар моҳи июни соли гузашта, "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ" номида буданд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли 2017 "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамонсолоташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори "Ҳоҷӣ Шариф", ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд. Аммо моҳи августи соли гузашта як қисмати яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафта буд, ки мақомот баръакси сӯхторҳои дигар соҳиби ин анборро дар қасдан оташ задан боздошт намуда буданд.

XS
SM
MD
LG