Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато сокинон аз ҳукумат "афви қарздорон"-ро талаб доранд


Дар шаҳри Алмато як гуруҳи фаъолони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҳукумати Қазоқистон талаб доранд, ки дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорони сохтмонҳои баҳсӣ ва қарздорони камбизоат чора биандешад. Ин фаъолони қазоқ, ки 21-уми май дар назди дафтари ҳизби ҳокими "Нур Отан" ҷамъ омада, "афви қарзӣ"-ро дархост карданд.

Аз ҷумла, онҳо талаб доранд, ки қарзи сокинон дар давраи аз соли 2004 то 2009 бахшида шуда, хонаҳояшон аз ҳисоби бонкҳо баргардонида шавад. Гуруҳи ташаббускор ҳамчунин ислоҳи низоми додгоҳиро хостор шуда, барои иҷрои талабҳояшон то интихоботи президентӣ муҳлат доданд.

"Мо иқдомҳои ҷиддиро мунтазирем ва иқдоми ҷиддӣ метавонад афви қарзӣ бошад", - гуфт рӯзноманигор ва раиси иттиҳодияи ҷамъиятии "Орномус-5" Канагат Такеев.

Масъули бахши ҳизб ва узви ситоди интихоботии номзад ба мақоми президентии Қазоқистон аз ҳисоби "Нур Отан" Борис Ҷапаров пас аз шунидани сухани ҷамъомадаҳо, гуфт, дархости онҳо дар муҳлати то 15 шабонарӯз баррасӣ хоҳад шуд.

Санаи интихоботи президентии Қазоқистон, ки ин бор низ пеш аз муҳлат баргузор мешавад, 9-уми июн муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG